Мулло Ҳусайн Сабуҳии Кобулӣ (форсӣ: صبوحی كابلى‎; ? — 1563, Агра) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Сабуҳии Кобулӣ

Зиндагинома вироиш

Дар тазкираҳо бо нисбаи «Бадахшонӣ», «Ҳиравӣ» («Нигористони сухан»), «Хонсорӣ» («Офтоби оламтоб», «Субҳи гулшан») ёд шудааст. Давраи ҷавонӣ ва камолоташро дар Кобул ва Ҳирот гузаронидааст. Баъд ба Ҳиндустон сафар карда, дар силки шоирони дарбори Ҷалолуддин Акбар ҷой гирифт. Аз Сабуҳии Кобулӣ маҷмӯъаи ашъор ва ё девоне дастрас нест. Чанд ғазал ва абёти пароканда аз газалҳояш дар тазкираҳо зикр гардидаанд, ки дар мавзӯъоти гуногун (баёни ҳол, панду насиҳат, ишқ ва ғайра) суруда шудаанд.

Байти зерин намунае аз эҷодиёти Сабуҳии Кобулӣ аст:

Ғамам афзун шавад, чун дигарон гирянд бар ҳолам,
Бале, дарё фузун мегардад аз борони соҳилҳо.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сабуҳии Кобулӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).