Саидилҳом Аҳмадов (Аҳмадов Саидилҳом Мухторович; тав. 6 октябри 1960, деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Масчо) — пизишк, ҷарроҳи ҷигарр, доктори илмҳои тиб (2003), профессор (2006), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ (1993), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2004).

Саидилҳом Аҳмадов
Таърихи таваллуд 6 октябр 1960(1960-10-06) (63 сол)
Зодгоҳ деҳаи Пастиғав, ноҳияи Кӯҳистони Масчо
Фазои илмӣ пизишкӣ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Ҷоизаҳо Ордени Дӯстӣ

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи факултети муолиҷавии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1983). Духтури интерни Беморхонаи клиникии № 5-и шаҳри Душанбе (1983-84) — ҷарроҳи беморхонаи марказии ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон (1984-87) — ординатор (1987-89) — аспиранти Донишкадаи ҷарроҳии ба номи А. В. Вишневскийи АИТ ИҶШС дар шаҳри Маскав (1989-91) — ассистенти кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ (1991-94). Аз соли 1994 мудири кафедраи ҷарроҳии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон. Дар ҷумҳурӣ аввалин шуда амалиёти бурриши қисми рости ҷигарро дар мавриди саратони талхадон бо гузариш ба ҷигар анҷом додааст. Муаллифи 126 мақолаи илмӣ, 3 гувоҳномаи ихтироӣ ва 28 пешниҳоди навоварона. Узви Ассотсиатсияи байналмилалии ҷарроҳон — гепатологҳои Россия ва ИДМ (аз соли 1996) — сармутахассиси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷарроҳии шикам (аз соли 2007) — раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳон-гепатологҳои Тоҷикистон (аз соли 2008).

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст (2006).

Осор вироиш

  • Огнестрельные ранения живота // Маҷ. «Хирургия». № 2. 2004;
  • Осложненный рак печени ⁄⁄ Маҷ. «Анналы хирургической гепатологии». № 4, 2006;
  • Способы резекции печени при эхинококкозе // Маҷ. «Анналы хирургической гепатологии». № 2. 2007;
  • Роҳҳои табоба­ти перитонити паҳнгашта // Маҷ. «Нигаҳдории тандурустии Тоҷи­кистон». № 2. 2008.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш