Сарвиноз Маҷидова (Маҷидова Сарвиноз Комиловна; зод. 18 сентябри 1986, Қурғонтеппа) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвиноз Маҷидова
Маҷидова Сарвиноз Комиловна
Таърихи таваллуд: 18 сентябр 1986(1986-09-18) (37 сол)
Зодгоҳ: Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Маҷидова Сарвиноз Комиловна 18 сентябри соли 1986 дар шаҳри Бохтар ба дунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 2009 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистонро хатм кардааст.

  • Солҳои 2004—2009 — Донишҷӯи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон
  • Солҳои 2009—2011 — Ходими хурди илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2011—2015 — Ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз январи соли 2015 то соли 2020 — Ходими калони илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Эзоҳ вироиш