Саричинордеҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 2 км. Аҳолиаш 806 нафар (2010), тоҷикон. Аз 96 хоҷагӣ иборат аст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, 3 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ дорад. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд.[1]

Деҳаи Саричинор
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Ҷавонон
Аҳолӣ 397 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 98

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.