Сармад (Гадобой Ӯзбеков; 21 март 1947, Ғазза, вилояти Суғд1994, Панҷакент, вилояти Суғд) — шоири тоҷик.

Сармад
Гадобой Ӯзбеков
Таърихи таваллуд: 21 март 1947(1947-03-21)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1994
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир, рӯзноманигор

Зиндагинома вироиш

Гадобой Ӯзбеков 21 марти соли 1947 дар деҳаи Ғаззаи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа дар Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент таҳсилро идома медиҳад.

Корнома вироиш

Фаъолияти кориашро аз мусаҳҳеҳӣ оғоз намуда, баъдан мухбир, аз ҷумла дар рӯзномаи «Газетаи муаллимон» шеър менавишт.

Эҷод вироиш

Эҷоди Сармад саршори дард ва ормонҳои замони худ буд. Китобхояш «Ашки шафак», «Вожахои сияҳпӯш» ва «Хобҳои офтобӣ» пас аз маргаш нашр шуданд.

Намунае аз ашъор вироиш

Тоҷикистон сарнавишти ишқи сӯзони ман аст,
Зарраи хоки азизаш, доруи ҷони ман аст.
Дар бари гаҳвораи сангаш фароғат ёфтам,
Тахтасанги кӯҳсораш, тахти Сомони ман аст.

Сӯиқасд ва даргузашт вироиш

Ӯ ҳаргиз дар сиёсат иштирок накард. Баъди пирӯзии ҳукумати қонунӣ ба деҳа рафт ва баъди ду сол баргашт. Дар ин вақт манзили ӯ ишғол карда шуд[1]. Сармад омада манзилашро баргардонад, 18 октябри соли 1994 аз ҷониби афроде латукӯб гардида, баъди ду моҳ дар беморхонаи Панҷакент даргузашт[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Погибшие журналисты. www.gdf.ru. 20 марти 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2023.
  2. УЗБЕКОВ Гадобой. centrasia.org. ЦентрАзия. 20 марти 2023 санҷида шуд.