Сата[1] (форсӣ: سَتَه‎) — меваест, ки миёнбари он дорои маводди ғизоии бисёр вале дарунбари он нозук аст ва ҳастаҳо дар дохил он парокандаанд.

Ангур (Vitis). Тасвири гиёҳшинохтӣ аз китоби «Köhler’s Medizinal-Pflanzen», 1887

Сата содатарин меваҳои гӯшти ношукуфо башумор меравад ва тамоми қисматҳои миёнбари он гӯштӣ гашта ва дар дохили он донаҳо қарор гирифтаанд. Дар ин меваҳо лояи дохилии онҳо сахт ва устухонӣ мегардад ва қисмати хориҷии донаро месозад. Хурмо, ангур, гуҷафарангӣ ва мураккабот ҷузви ин меваҳо башумор мераванд.

Ҳар меваи сата аз як тухмдон ба вуҷуд меояд ва девораи ин тухмдон пас аз расидан, гӯштӣ аст.

Вожашиносӣ вироиш

Сата (сатта) дар «Бурҳони қотеъ» ва «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» ба маънии ангур омадааст, вале дар «Луғатномаи Деҳхудо» ба фарқ аз ин ду фарҳанг сата умумитар аз ангур аст.

Эзоҳ вироиш

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Сата чист? Маънии сата(тоҷ.). vazhaju.tj. Вожаҷӯ. 26 Январ 2023 санҷида шуд.