Саъдулло Раҳимов (Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич; 8 ноябри 1951, ноҳияи Ромитан, вилояти Бухоро — 4 майи 2024[1], Душанбе, Тоҷикистон) — фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо, доктори илмҳои фалсафа (2007). Узви Иттиҳодияи синамогарони ИҶШС (1985) .

Саъдулло Раҳимов
Раҳимов Саъдулло Хайруллоевич
Таърихи таваллуд 8 ноябр 1951(1951-11-08)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 май 2024(2024-05-04) (72 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, киностудияи «Тоҷикфилм», Кумитаи телевизион ва радиошунавоии ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои фалсафа
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Саъдулло Раҳимов факултаи забон ва адабиёти руси Университети давлатии Тоҷикистонро соли 1974 хатм карда, дар Институти фалсафаи АИ Тоҷикистон фаъолият намуда, аз лаборант то котиби илмӣ расидааст. Бо танаффус 1987—1993, 1995—1997 директори киностудияи «Тоҷикфилм», 1997—1998 муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиошунавоии ҷумҳурӣ заҳмат кашидааст. Саъдулло Раҳимов Таҳқиқгари муваффақи синамои тоҷик ба шумор меравад, аз соли 2011 то 2024 котиби Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон буд. Ӯ яке аз ташабускорони кинофестивали байналмилалии “Дидор”, ки соле ду маротиба дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор мегардид, буд.[2]


Саъдулло Раҳимов, фарҳангшинос, муҳаққиқ ва мунаққиди синамо ва доктори илмҳои фалсафа пас аз як ҷарроҳӣ субҳи 4 майи соли 2024 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид.[3]

Фаъолияти илмӣ вироиш

Бобати таърихи афкори эстетикии халқи тоҷик, марҳилаҳои он, эстетика ва ақоиди фалсафии Зардуштия таҳқиқоти судманд анҷом додааст. Ҳамчун муҳаққиқ ва мунаққиди синамо доир ба таъриху эҷодиёти синамогарони Тоҷиксистон мақолаву асрҳои зиёде таълиф намудааст. Ӯ яке аз ҳаммураттибони китоби «Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана», (Д., 2012, (ба заб. русӣ) мебошад.[2][4]

Осор вироиш

  • Характерные особенности таджикского искусства в период развитого социализма. — Д., 1978;
  • Нури парда. — Д., 2004 (тоҷикӣ ва русӣ);
  • Таджикский народный театр. — Д., 2005 (ҳаммуаллиф);
  • Из истории эстетических воззрений таджикского народа. — Д., 2005;
  • Три этапа из истории эстетических воззрений таджикского народа. — Д., 2006;
  • Эстетика зороастризма. — Д., 2006;
  • Философско-эстетические идеи зороастризма: Дисс… док. филос. наук. — Д., 2007;
  • Из одиночества - с любви. — Д., 2009;
  • Документальное кино в фокусе. — Д., 2011;
  • Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана — Душанбе, 2012.(ҳаммуаллиф);
  • Нури ситораи хомӯш. Зиёдулло Шаҳидӣ ва суннатҳои бадеии мусиқии тоҷик. — Д., 2015 (ҳаммуаллиф).

Эҷодиёт дар синамо вироиш

Муаллифи сенария, коргардони бисёр филмҳои мустанад, аз қабили «Занон-сармоядорон», «Маҳваш», «Сайёҳат дар Ватан», «Арӯсак», «Ҷойҳои муқаддас», «Насими Қаратоғ», «Ман мунаққиди одилам», «Академик Диноршоев», силсилафилмҳо дар бораи ВМКБ: «Ишкошимиҳо», «Рӯшониҳо», «Гулбек» аст.

Эзоҳ вироиш

  1. В Душанбе умер кинокритик Садулло Рахимов(рус.). Sputnik Таджикистан (4 май 2024). 4 май 2024 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия кино Таджикистана. Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012.
  3. Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов(тоҷ.). asiaplustj.info/tj/news (2024). 5 май 2024 санҷида шуд.
  4. Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов(тоҷ.). asiaplustj.info/tj/news (2024). 5 май 2024 санҷида шуд.

Пайвандҳо вироиш