Саъй (ар. سعى‎‎) — давидан байни Сафо ва Марва, яке аз рукнҳои ҳаҷ ва умра. Саъй баъди тавофи Каъба анҷом дода мешавад.

Ҳоҷиён дар вақти анҷом додани маросими саъй (соли 2011).

Воҷибот вироиш

Яке аз воҷиботи ҳам умра ва ҳам ҳаҷ саъйи байни Сафо ва Марва мебошад. Ҳаҷгузор саъйи худро аз Сафо шурӯъ намуда, дар Марва ба поён мерасонад. Дар миёнаи саъйгоҳ дар ду тарафи роҳрави он ду мили сабз, яъне ду чароғи сабз дар деворҳои масҷид гузошта шудааст. Ин ду мили сабз дар ибтидо ва интиҳои ҷойҳое гузошта шудаанд, ки дар он ҷо каме тезтар ва бо суръат ҳаракат кардан лозим аст. Саъйкунанда дар миёнаи ин милҳои (нишонаҳо) сабз, агар боиси озори касе нагардад, суръати ҳаракати худро метезонад. Он суръати тезро ҳарвала (давидани миёна) мегӯянд.

Аз Сафо то Марва як навбат ва аз Марва то Сафо ду навбат рафту баргашти саъйро ташкил медиҳад. Бинобар ин, охирин даври саъйро дар Марва ба поён мерасонад. Саъй ба монанди тавоф аз ҳафт бор рафту баргашт иборат мебошад.

Занҳо дар тамоми саъйи худ, яъне дар миёнаи милҳо (нишонаҳо)-и сабз низ ба сурати одӣ ҳаракат мекунанд. Дуъоҳо ва зикрҳое, ки пеш аз тавоф ва саъй ва ё дар аснои онҳо гуфта мешаванд, дар бахши дуъоҳо зикр хоҳанд шуд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ермаков Д. В. Сай // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, ГРВЛ, 1991. — С. 202.
  • Али-заде, А. А. Саай : [арх. 31 октября 2011] // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007.

Сарчашма вироиш

  • А. Боқизода. Ҳаҷ: таърих, моҳият, маносик ва аҳкоми он. — Душанбе, 2013. — 272 с.