Сиёвуш (форсӣ: سیاوش‎; Сиёвахш, Сиёваш, порсии миёна: Syāvakhš, Siāvaš, аз авестоӣ: Syāvaršan «асби сиёҳ») — яке аз шахсиятҳои устураии эронӣ дар Шоҳномаи Фирдавсӣ, марде ҷавону хушчеҳра ва фарзанди паҳлавону барӯманди Кайковус ва падари Кайхусрав.

Сиёвуш
Нигора
Падар Кайковус
Ҳамсар Фарангис
Фарзандон Кайхусрав
Ишорашуда дар китоби Шоҳнома
Mount Shabrang[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Номи Сиёвуш дар «Яштҳо»-и Авесто ба шакли «Сйаваршан» вомехӯрад, ки маънояш «доранда, савораи аспи сиёҳ» мебошад.

Сиёвуш, тибки маълумоти сарчашмаҳои таърихи ҳанӯз 4 ҳазор сол пеш мардуми эронинажод Сиёвушро ҳамчун худованди наботот эътироф карда, ба парастиши ӯ мепардохтанд. Аввалин маълумот оид ба Сиёвуш дар Яштҳо оварда шуда, шоҳи каёни буданаш таъкид мегардад. Сарчашмаҳои баъдинаи фарҳангии то замони Фирдавси ба хулку хӯй ва сурату сирати Сиёвуш иловаҳо намуда, симои ӯро хотирнишину барҷаста намуданд. Дар дар «Яштҳо»-и Авесто инчунин ёдрас шудааст, ки Сиёвуш ҳафтумин шоҳ аз сулолаи Каёниён аст. Паҳлавони далеру зебо, бегуноҳ аст, ки қурбони фитнаву дасисаҳо гардида, ба дасти Афросиёб — шоҳи Турон кушта мешавад. Дар осори адабиёти ба забони паҳлавӣ- форсии миёна эҷодшуда, аз қабили «Худойнома», «Занди Воҳуман-ясн», «Ёдгори Ҷомосп», «Бундаҳишн», «Минуи хирад» ва ғ. номи Сиёвуш ба шакли «Сиёвахш» ва қиссаҳову ривоятҳо дар бораи ӯ омадааст. Ҳамин асотир, қиссаву ривоятҳо баъдан ба таърихномаҳою осори бадеӣ ба забони арабӣ ва порсии дарӣ — «Китоб -ул-ахбор-ут-тивол»-и Диноварӣ, «Муруҷ-уз-заҳаб»-и Масъудӣ, «Тарҷумаи Таърихи Табарӣ»-и Абӯалии Балъамӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ғурар мулуку-л-фурус»-и Саолибӣ ва ғ. бо таҳриру такмили бештар омадаанд. Умуман, Сиёвуш аз қаҳрамони асотирӣ, эзиди наботот, табиати миранда ва эҳёшаванда, ки дар оғози кор дар устураҳо буд, ба дараҷаи паҳлавони беҳамтову барҷаста, шоҳи одилу инсондӯст, ободкунандаи шаҳрҳову қалъаҳо (Гангдиж, Сиёвушгард ва ғайра) таҳаввул кардааст. Ниҳоят, устураи Сиёвуш дар сурати достони муфассалу муназзам ва баландғояи бадеӣ ба василаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ комилан шакл гирифт. Модари Сиёвуш туронидухтаре аз авлоди Фаридун буд, ки бо ӯ паҳлавонони эронӣ — Тӯс ва Гев дар бешаи марзи Эрону Турон вохӯрданд. Ин духтарро шоҳи Эрон ба занӣ гирифт. Ситорашиносон ба Сиёвуш толеи бад пешгӯйӣ карданд ва ин пешгӯйии онҳо рост буд. Сиёвуш яке аз ҷавонмардони бетолеи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Вайро аз замони кӯдакиаш Рустам — паҳлавони маъруфи мардуми эронинажод тарбия кард. Дар синни камолот ба даргоҳи падар баргашт, вале дар ин ҷо ӯро ишқи номатлуб- муҳаббати зани падараш — Судоба сарсону саргардон намуд. Сиёвуш ишқи Судобаро қабул накард. Судоба ӯро дар назди шоҳ туҳмат намуд. Барои нишон додани покӣ ва бегуноҳии худ Сиёвуш аз байни хирмани оташ (озмоиш бо оташ) гузашт ва ба ӯ осеб нарасид. Баъдан Сиёвуш дар ҷанг ба муқобили Афросиёб иштирок кард, вале ӯ бо рою тадбир хост, ки ду лашкар бо ҳам муоҳида намоянд ва сулҳу оштӣ барқарор гардад. Ин кори Сиёвуш ба Кайковус писанд наомад ва Сиёвуш барқасди падар Эронро тарк намуда, ба Турон рафт. Афросиёб духтараш Фарангисро ба Сиёвуш ба занӣ дод ва гӯшае аз кишварро ба ду ҷавон бахшид, ки шаҳре обод карда зиндагиашонро пеш баранд. Неруҳои бадӣ дар симои бародари Афросиёб — Гарсеваз пешрафту комёбиҳои Сиёвушро дидан натавонистанд ва боз ӯро дар назди Афросиёб сиёҳ карданд ва Сиёвуш ба қатл расонида шуд. Сиёвуш қаҳрамони дӯстдоштаи халқ буд. Мувофиқи ривояти таърихнависон дар садаҳои 9-10 дар Бухоро рӯзи қатли Сиёвушро ба ёд доштанд ва дар ин рӯз мардум барои С. гиряву навҳа мекарданд. Суруди таърихии «Кини Сиёвуш» ё «Гиристани муғон» вуҷуд доштааст, вале он то замони мо нарасидааст. Дар деворнигораҳои Панҷакенти бостонӣ низ бостоншиносон лавҳаеро пайдо намуданд, ки дар он ҷавони зебои ба қатл расида ва навҳагарони дар гирди ӯ ҷамъшуда тасвир ёфтаанд. Донишмандон Сиёвуш будани ин ҷавонро бо далелҳои раднашаванда исбот карданд. Рустам ба кинхоҳии бархост; аввал Судобаро кушт ва баъдан Туронро харобу валангор кард. Интиқоми падарро писари Сиёвуш — Кайхусрав гирифт. Ба фармони вай подшоҳи бадкирдор Афросиёб кушта гардид. Фирдавсӣ тавассути фоҷиаи барҷастаи манзумаш, ки дар адабиёти форс-тоҷик мавқеи баланде дорад, дар симои Сиёвуш шахсияти идеалии сулҳҷӯ, шахси хирадманду доноро офаридааст.[1]

Сиёвуш аз нигоҳи Фирдавсӣ вироиш

Ба василаи такмили ниҳоии Фирдавсӣ бошад, образи Сиёвуш ҳамчун шахси росткору ростандеш, зебову заковатманд ва ба ноҳак шахидгашта абадзинда гашт:

Кухангашта ин достонхо зи ман,
Хаме нав шавад бар сари анчуман.
Агар дод бояд, ки монад ба чой,
Биёрою з-он пас ба доно намой.

Фирдавсӣ ба симои Сиёвуш диққати махсус дода, аз ибтидо то ба интиҳои достон онро сайқал медиҳад. Тибқи раванди сужет ӯ аз як тифли озодаву дустру ба марди оқилу хушру таҳомил меёбад. Бо кушишу захмати Рустам Сиёвуш тарбияи ҷисмонӣ, рухони ва аклони ёфта, чун пахлавони сохибакл, халиму покизарой ва сахиву дурандеш ба камол мерасад. У ба зиндагӣ дили гарм доша, хидмати содикона ба Ватанро дӯст дорад. Бо вучуди печу тобҳои зиндагӣ рашку хасад ва чангчуиу кинаварзиҳои атрофиён, пайваста ба сулҳу субот ва созандаги баҳри окибати хуш кушиш ба харч медихад. Кина, бухлу хасад, рашк, кахру газаб, бехирадиву вайронкори хоси унест. То лахзаи охирин умед ба фарчоми хуб дорад. У хатто вакте лашкари анбухи чангчуи Афросиёбро мебинад, ба лашкариёнаш ханчаркаширо манъ намуда, роҳи мусолиха мечуяду бори дигар босуботии худро дар роҳи сулҳу сафо исбот менамояд.

Сиёвуш дар мулкдори низ хамто надорад. Хамеша шаҳр месозаду онро обод мекунад. Аз фарогту захмати мардуми кишвараш огох асту баҳри офияти онҳо кушиш мекунад. Ин аст, ки уро чун шохи одилу раиятпарвар дӯст медоранд.

Дар образи Сиёвуш Фирдавси умеду армони худро тачассум намуда, ба ӯ вафодорию муҳаббат, ростию самимият, каромату шафоат, аклу заковат, марди кавииродаги, собиткадами барин хислатҳои начиби инсонироарзони медорад.

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 515—516

Адабиёт вироиш

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. — Душанбе, 1963;
  • Асроров Ш. Симои Сиёвуш дар "Шоҳнома"и Фирдавсӣ. — Душанбе, 2005;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. — М., 1956;
  • Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. — М., 1961;
  • Кузьмина Е. Е. В стране Афрасиаба и Кавата. — М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004;
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. — Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». — Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.