Султонмуҳаммади Балхӣ (форсӣ: سلطان‌محمد بلخی[1]; ? — 13 майи 1573, Балх) — донишманд, шоир ва ҷаҳонгарди форс-тоҷик, муаллифи «Маҷмаъу-л-ғароиб».

Султонмуҳаммади Балхӣ

Зиндагинома вироиш

Падараш шахси босавод, шоир ва муфтии Балх буд. Султонмуҳаммади Балхӣ дар ҷавонӣ мадрасаро хатм карда, забонҳои арабию туркӣ ва зимнан илмҳои таърих, ҷуғрофиё, ахтаршиносӣ ва минералогияро омӯхт. Баъди вафоти падараш муфтии Балх тайъин шуд. СултонмуҳаммадиБалхӣ муаллифи «Маҷмаъу-л-тароиб» мебошад. Дар ганҷинаи дастнависҳои ҷаҳон 86 нусхаи ин асар маҳфуз буда, аксари дастнависҳо ба асрҳои 18—19 мансубаяд. Аз ҷумла 48 нусхаи китоби «Маҷмаъу-л-ғароиб» дар дар Душанбе мебошанд.

Эзоҳ вироиш

  1. سنگرستان / محمد حنیف حنیف بلخی. University of Arizona Libraries. 1991. 

Адабиёт вироиш

  • Султонмуҳаммади Балхӣ / Ю. Мальцев // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).