Сулӣ (лот. Avéna) — як навъ ғалладонаест аз оилаи хушаиҳо.

Сулӣ
Avena sativa
Сулӣ (Avena sativa)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Avena L., 1753
Мутародифот
Номенклатурный тип

Бештар ду намуди сулӣ (А. sativa, А. burantina)-ро мекоранд. Дар ҷаҳон соле қариб 30 млн га сулӣ кишт мекунанд.

Корбурд вироиш

Сулӣ ашёи муҳими саноати хӯрокворист. сулӣ ғалладонаи серғизост; 12—13 % сафеда,40—45 % оҳар, қариб 4,5 % равған дорад. Сулиро дар истеҳсоли ярма, талқон, галет, қаҳва ва ғайра фаровон истифода мебаранд.сулӣ хӯроки хуби чорво низ мебошад. Сулиро дар Европа 1500—1700 сол то мелод кишт мекарданд. Дар ҳудуди мамлакати мо Сулиро аз асри 7 ин ҷочиб мекоранд.

Дар Тоҷикистон соли 1932 Стандарти давлатии селексионӣ оид ба кишти сулӣ корҳои таҷрибавӣ гузаронд. Соли 1935 хоҷагиҳои ғаллакор ба кишти сулӣ сар карданд. Дар ҷумҳурӣ соле қариб 12 ҳазор га сулӣ мекоранд. Дар республикаи мо фақат навъи сулии «Марктон»-ро кишт мекунанд. Сулиро дар замини лалмии доманакуҳ ва замини обии водиҳо тирамоҳ ва дар ноҳияҳои кӯҳсор аввали баҳор мекоранд. Меъёри тухмии сулӣ баҳор га вобаста ба муҳлати кишт: дар заминҳои лалмии Ҳисору Кӯлоб — 80 кг (баҳор) ва 100 кг (тирамоҳ); ноҳияҳои кӯҳсори вилояти Кӯлоб — 100 кг (баҳор); ноҳияиҳои вилояти Ленинобод − 455 кг (баҳор) ва 80 кг (тирамоҳ). сулӣ зироати намталаб аст. Нуриҳои нитрогендор ва пору Сулиро серҳосил мекунанд. Ба ҳар га киштзори сулӣ 20—30 кг нуриҳои витрогендор, 40—60 кг нуриҳои фосфордор, 25—30 кг нуриҳои калийдор, 10 —12 т пору ва микронуриҳои бор, магний ва мисдор меандозанд; дар вақти кишт суперфосфати ғурӯшанок (ба ҳар га 10 кг Р2О5) мепошанд. Хоҷагиҳои пешқадами районҳои республика аз ҳар га кишти сулӣ то 13—16 сентнер дона то 250 сентнер баргу пояи сабз мегиранд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Сулӣ / Л. Холматов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).