Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна (зод. 27 март 1973, Душанбе) — ҳуқуқшиноси тоҷик, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сурайё Уроқова
Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна
Таърихи таваллуд: 27 март 1973(1973-03-27) (51 сол)
Зодгоҳ: Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Падар: Дӯстмурод Уроқов
Мукофотҳо:

Зиндагинома

вироиш

Уроқова Сурайё Дӯстмуродовна 27 марти соли 1973 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Миллат: тоҷик. Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос-ҳуқуқшинос. Забонҳои руси ва англисиро медонад. Аъзои ҲХДТ, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати панҷум буд. Бо медали «Хидмати шоиста», соли 2016 сарфароз гардонида шудааст.

  • Солҳои 1990-1995- Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 1995-1997- Ҳуқуқшиноси Ширкати бисёрсоҳаи «Хуросон», шаҳри Душанбе
  • Солҳои 1997-2005- Ҳуқуқшиноси Идораи нотариалии давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе
  • Аз соли 2005 то соли 2020. Директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди "Гурӯҳи Самимӣ Констракшн"дар шаҳри Душанбе.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]


Сарчашма

вироиш