Тахти Сулаймон (зиёратгоҳ)

Тахти Сулаймон — яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Тахти Сулаймон дар қисмати шарқии деҳаи Патру, тақрибан 5-6 км дуртар воқеъ аст, ки бо номи «Изи пойи Дулдули Ҳазрати Алӣ» низ машҳур мебошад. Изи пойи ҳайвоноти қадима дар рӯйи тахтасанге ба назар мерасад, ки он ба давраҳои мезозоид мансубият дорад. Оби чашмаи ин ҷо лаззати қандобро дорад, ки ба кас ҳаловат мебахшад.[1]

Адабиёт вироиш

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258