Тоҷиддин Муҳиддин

(2 феврали 1949, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 10 январи 1997, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1979)

Тоҷиддин Муҳиддинов (2 феврали 1949, деҳаи Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 10 январи 1997, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1979).

Тоҷиддин Муҳиддин
Таърихи таваллуд 2 феврал 1949(1949-02-02)
Зодгоҳ Мортеппа, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 10 январ 1997(1997-01-10) (47 сол)
Маҳалли даргузашт Мортеппа,ноҳияи Ҳисор, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) овозхон
Гурӯҳ Ансамбли эстрадии «Гулшан»
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1979)

Зиндагинома вироиш

Дар мактаби ҳунарии махсус нахондааст, аз баракати истеъдоду заҳматписандӣ ба қуллаи мурод расид. Солҳои 1965—1967 корманди Хонаи маданияти ноҳияи Ҳисор, 1967—1975 сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, 1975—1992 овозхони ансамбли эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Дилаш гӯиё барои сурудан метапид. Садои дилнавоз ва таронаҳои сеҳрангез варо азизи гӯшҳо ва дилҳо гардонданд. Ба эстрадаи тоҷик рангу бӯи тоза бахшид. «Фироқи ёр», «Шодиён», «Ҷони ширин», «Эй боди бомдодӣ», «Коми дил», «Санам», «Тарки ёрӣ», «Хуморӣ мешавад», «Фалак», «Сухан аз даҳонам афканд», «Республикаи ман», «Баҳори умр», « Модар», «Сухани ошиқ», қариб шаст суруду тарона аз ӯ ба ёдгор мондаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо Грамотаи Фахрии Президуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Некдошт вироиш

Дар шаҳри Ҳисор собиқ кӯчаи "Редакционная" Филармонияи халқии шаҳри Ҳисор низ номи ба номи Тоҷиддин Муҳиддиновро дорад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.