Фазлии Бухороӣ (форсӣ: فضلی بخارایی‎; қарни XIII) — шоири форс-тоҷик ва аз ҳамдарсони Муҳаммад Авфии Бухороӣ.

Фазлии Бухороӣ

Зиндагинома вироиш

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Фазлии Бухороӣ донишманди муътабари замонаш буд, вале ҳукуматдорон ба қадри илму донишаш нарасиданд, аз ин рӯ сафари Ҳиндустонро пеш гирифт. Муҳаммади Авфӣ дар «Лубобу-л-албоб» аз ӯ 1 қасида ва 4 рубоӣ овардааст.

Намунаи рубоиёти шоир:

Ҳар лола, ки чашми кӯҳсоре будаст,
Сад қатра зи хуни тоҷдоре будаст.
Маспар ба қадам сабзаи бӯстон густох,
К-он васмаи абрӯи нигоре будаст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фазлии Бухороӣ / С. Воҳидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).