Файзӣ Бобиев (тав. 1905, деҳаи Сарибулоқи ноҳияи Кӯлоб — 1978, ноҳияи Ҳисор) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Иштирокдори ҶБВ (1941—1945).

Файзӣ Бобиев
Таърихи таваллуд 1905(1905)
Зодгоҳ деҳаи Сарибулоқ, ноҳияи Кӯлоб
Таърихи даргузашт 1978(1978)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Ҳисор
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1948
Ордени Ленин

Зиндагинома вироиш

Дар муборизаҳои зидди босмачиён (1926—1929) ва ҳаракати колхозӣ (1930—1932) фаъолона ширкат доштааст. Солҳои 1933—1941 колхозчӣ, 1946—1971 сардори бригадаи пахтакорию боғдории колхози «Съезди XXII партия»-и ноҳия Ҳисор буд. Аз соли 1971 нафақагири шахсӣ. Бригадааш ба рӯёндани ҳосили фаровони пахта комёб шудааст.

Ордену медалҳо вироиш

Бо ордени Ленин, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш