Фаридуддин Аҳвали Исфаҳонӣ

Фаридуддин Аҳвали Исфаҳонӣ (форсӣ: فریدالدین احول‎; қарни ХIII) — шоири ғазалсарои соҳибдевони форс-тоҷик, дӯст ва ҳамрӯзгори Имомии Ҳиравӣ.

Фаридуддин Аҳвали Исфаҳонӣ

Зиндагинома

вироиш

Дар охири асри 12— ибтидои асри 13 умр ба сар бурдааст. Зодгоҳаш Исфароини Хуросон. Дар ҷавонӣ ба Ҳиндустон ва аз он ҷо ба Исфаҳон рафт. Аз шоирони машҳури давр буд. Бо шуарои Ироқу Форс мушоират доштааст.

Тақиюддини Авҳадӣ (муаллифи «Арафот-ул-ошиқин») девони уро иборат аз 10 ҳазор байт гуфтааст. Ҳоло як нусхаи девонаш (тақрибан 3500 байт) дастрас мебошад. Дар тазкираҳо низ абёти зиёде аз ин шоир сабт гардидааст. Фаридуддин Аҳвали Исфаҳонӣ пайрави сабки ироқӣ буд. Ин абёт аз ӯст:

Пайвастани дӯстон басе осон аст,
Душбор гусастан асту охирам он аст.
Ширинии васлро нахоҳам ҳаргиз
Аа ғояти талхие, ки дар ҳиҷрон аст.

Адабиёт

вироиш
  • Фаридуддин Аҳвали Исфаҳонӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).