Фаррухии Систонӣ

(Тағйири масир аз Фаррухи Систонӣ)

Фаррухи Абулҳасан бинни Ҷулуғ(فرخی سیستانی) — яке аз шоирони бузурги форсу тоҷик аст.

Фаррухии Систонӣ
Таърихи таваллуд: тақрибан 980
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: на пештар аз 1037 и на дертар аз 1038
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Зиндагинома вироиш

Фаррухи Абулҳасан бинни Ҷулуғ аз шоирони бузурги форсу тоҷик аст, ки дар огози садаи XI зиндагӣ кардааст. Мувофмқи маълумотҳои мавҷуда шоир дар Систон таваллуд ёфтааст. У баъди таҳсили мадраса санъати мусиқӣ ва муганнигиро хам мавриди назари худ қарор додааст. Фаррухӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ҳамчун шоири қасидасаро шинохта шуда, бо қасидаҳои ноби худ маъруф аст. Забони сода ва ширини эҷодиёти Фаррухӣ дар шеър хамеша мавриди назар ва таваҷҷуҳи шуаро ва удабои форсу тоҷик буд. Вай дар мусиқӣ низ маҳорат дошта чангро хуб менавохтааст. Мероси адабии Фаррухи аз қасида, ғазал, рубоёт ва тарчеъбанд иборат аст, ки дар чевони шеърхо чаъм оварда аст. Микдори шеърҳояш аз 230 қасида, 28 ғазал, се тарчеъбанд ва 4 рубоет иборат аст. Шеърҳои ӯ дар шакли девон дар соли 1311 дар Техрон чоп шудааст. Дар эҷодиёти Фаррухи ғайр аз ғазалҳои ошикона шеърҳои панду андарзӣ ва хикматомез низ мавчуд аст. Шоир дар соли 1038 вафот кардааст.

Аз қасидаҳо вироиш

Имсол тозарӯйтар омад ҳаме баҳор,
Ҳангоми омадан на бад-ин гунна буд пор.
Пор аз раҳ андар омад чун муфлиси ғариб,
Бефаршу бетаҷаммулу берангу бенигор.
В-имсол пеш аз он ки ба даҳманзиле рассад,
Андар кашид ҳулла ба дашту ба кӯҳсор.
Бар дасти бед баст зи пирӯза дастбанд,
Дар гӯши гул фиганд зи беҷода гӯшвор.
Аз кӯҳ то ба кӯҳ бунафшасту шанбалид,
Аз пушта то ба пушта суманзору лолазор.
Гӯӣ, ки риштаҳои ақиқ асту лоҷвард,
Аз лолаву бунафша ҳаме рӯйи марғзор.
Аз гул ҳазор гунна бут андар паси бут аст,
В-аз лола сад ҳазор савор аз паси савор.
Гулгун паранди лаъл ҳаме баркунад ба сар,
Борони гулпараст ҳаме густарад нисор…
Ин созҳо, ки сохт баҳор, аз пайи чӣ сохт?
Имсол чун зи пор фузун сохта нигор.
Розест ин миёни баҳору миёни ман,
Хезам ба пеши хоҷа кунам розаш ошкор.
Ҳар сола чун баҳор зи роҳ андар омадӣ,
Ҷое наёфтӣ, ки дар ӯ ёбадӣ қарор.
Бар санглоху дашт фуруд омади хичил,
Андар миёни хораву андар миёни хор.

Аз ғазалиёт

Нигори ман чу зи ман сулҳ диду ҷанг надид,
Ҳадиси ҷанг ба як сӯ ниҳоду сулҳ гузид.
Итобҳо зи пас афганду сулҳ пеш овард,
Ҳадиси ҳосид нашниду з-они ман бишнид.
Чу ман фароз кашидам ба хештан лаби ӯ
Дили ҳасуд зи ғами хештан фароз кашид.
Ба вақти ҷанг итобу хурӯшу зорӣ буд,
Кунун чи бояд? Руду суруду сурхнабид.
Дари нишоту дили лавҳ боз бояд кард,
Ки ин ду банди гаронро ба дасти уст калид.
Ба коми хеш рассад аз дили ман он бутрӯй,
Чунон ки з-ӯ дили ғамгини ман ба ком расид.


Боз, ё раб, чунам аз ҳиҷрони дӯст,
Боз чун гумгаштаам ҷӯёни дӯст.
То ҳамехоям лабу дандони хеш,
З-орзуи он лабу дандони дӯст.
Дидагонам абри дурафшон шудаст,
З-орзуи лафзи дурафшони дӯст.
Ман нахуспам бе хаёли руйи ёр,
Ман нахандам бе лабу дандони дӯст.
Ман ба ҷон бо дӯст паймон кардаам,
Нашканам то ҷон бувад паймони дӯст.
Ман чунинам, ёр гуӣ чун бувад,
Они худ донам, надонам они дӯст.


Ҳаме равию ман аз рафтани ту нохушнуд,
Нигар ба рӯйи мано, то маро кунӣ бадруд.
Марав, ки гар биравӣ, боз ҷони ман биравад,
Дил аз ту нохушнуду Худой нохушнуд.
Маро зи рафтани ту в-аз ниҳеби фурқати ту
Ду чашм, чашмаи хун гашту ҷома хунолуд.
Магар фироқи туро пеша заргарӣ будаст,
Ки кард ду рухи ман зарфому зарандуд.
Ту рафтию зи паси рафтан ту аз паси ту,
Худой донад бо ман чигуна хоҳад буд?


То кай бувад ин хушӣ, то кай бувад ин ранг?
З-ин шухию з-ин ранг нагардад дили ман танг.
Сулҳ аст туро бо ману бо ман накунӣ сулҳ,
Ҷанг аст маро бо туву бо ту накунам ҷанг.
Санг аст дилат, меҳр бар он тобон гаҳ-гаҳ,
К-аз тофтани меҳр гуҳар зояд дар санг.
Фарсанг ба фарсанг давонам зи пайи ту,
В-аз ман ту гурезонӣ фарсанг ба фарсанг.
Гар ман зи ту, эй дӯст, ҳаме нанг надорам,
Ту низ мадор аз ману аз сухбати ман нанг.

Аз тарҷеъбандҳо

Баҳор омад, ману ҳар рӯзи нав боғеву нав ҷое,
Ба гаштан ҳар замон азме ба будан ҳар замон рое.
Қадаҳ пурбодаи рангин ба дасти бодапаймое,
Чу мурғ аз гул ба гул ҳар соате дигар тамошое.
Нигоре бо ману рӯе, на рӯе балки дебое,
Аз ин хушшӣ аз ин кашшӣ аз ин дар кори зебое.
Хирадманде, ки аз роям хабар дорад зи имое,
Ғазалгӯе, ки мурғонро ба бонг орад ба овое,
Ману чангеву он дилбар, ки ӯро нест ҳамтое,
Зи ман карда мадеҳи шоҳро ҳазмон тақозое.
Агар фазлу ҳунар бояд, ҳаме фазлу ҳунар дорӣ,
В-агар аслу гуҳар бояд, ҳаме аслу гуҳар дорӣ.
Ба ҳар коре тавон дорӣ, зи ҳар илме хабар дорӣ,
Зи молу мулки дунё номи неку дӯсттар дорӣ.
Ҳама гуфтӣ накӯномӣ чу симу зар зи бар дорӣ,
Надонад кас, ки ту андар накуномӣ чӣ сар дорӣ?
Зи номи бад ҳамеша хештанро бар ҳазар дорӣ,
Шаҳон расми дигар доранду ту расми дигар дорӣ?
Ба расми неку аз шоҳони гетӣ сар забар дорӣ,
Ҳама роҳу ниҳоду одати расми падар дорӣ.

Адабиёт вироиш

  • Jan Rypka, History of Iranian Literature. Reidel Publishing Company. 1968 ISBN 90-277-0143-1