Фаррух Амона́тов (Амонатов Фаррух Ҳукуматович; 13 апрели 1978) — шоҳмотбози тоҷик, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ (2002) аз миёни тоҷикон.

Фаррух Амонатов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус шоҳмот
Зодрӯз 13 апрел 1978(1978-04-13) (45 сол)
Зодгоҳ

Зиндагинома вироиш

Аз сини шашсолагӣ ба шоҳмотбозӣ машғул гардида, мураббии аввалинаш Вячеслав Ким буд. Соли 1995 мактаби миёнаи № 20 шаҳри Душанбе, соли 2000 — Донишгоҳи техникии алоқа ва информатикаи шаҳри Маскавро хатм кардааст[2].

Дар шаҳри Санкт-Петербург зиндагӣ дорад.

Дастовардҳо вироиш

Чемпиони чандинкаратаи Тоҷикистон, чемпиони Осиё байни наврасон (1992), чемпиони шаҳри Маскав (2004 — дар мусобиқаи инфиродӣ, 2003 — дар байни бошгоҳҳо дар ҳайати дастаи ҶСК «Вертикаль»—МТУСИ)[3]. Дар ҳайати дастаи Тоҷикистон солҳои 1996, 1998, 2002, 2006, 2009 дар олимпиадаҳои ҷаҳонии шоҳмот ширкат доштааст. Ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмот дар шаҳрҳои Маскав (2002), Владимир (2004), Тошканд (2008), Ҳиндустон (2013).

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш