Феҳристи парчамҳои Тоҷикистон

саҳифаи феҳристӣ

Дар ин саҳифа феҳристу аксҳои парчамҳои гуногуне, ки дар давраи гузашта дар қаламрави ҳозираи Тоҷикистон мавриди истифода қарор доштанд, оварда шудааст.

Парчами давлатӣ вироиш

Парчам Солҳо Истифода Шарҳ
1991 — Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи росткунҷаест, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, аз ҷои чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вироиш

Парчам Солҳо Истифода Шарҳ
  1993 — Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поин баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Прачамҳои таърихӣ вироиш

Парчам Солҳо Истифода Описание
  1370 — 1526 Парчами давлати Темуриён.
  1785 — 1870 Парчами Аморати Бухоро.
  1917 — 1918 Парчами Мухторияти Қӯқанд
  1858 — 1883 Парчами Парчами императории Русия матоъи росткунҷае, ки дар рўи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло —ранги сиёҳ, мобайнӣ —ранги зард, рахи поён — ранги сафед дошта, паҳноии ҳар се рах ба ҳам баробар аст.
  1883 — 1917 Парчами Парачами императории Русия Парчами Парачами императории Русия матоъи росткунҷае, ки дар рӯи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло —ранги сиёҳ, мобайнӣ —ранги зард, рахи поён — ранги сафед дошта, паҳноии ҳар се рах ба ҳам баробар аст.
  1921 — 1923 Парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро матоъи росткунҷае, ки дар рӯи он ду рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, иборат мебошад. Рахи боло —ранги сабз, рахи поён — ранги сурх дошта, паҳноии ҳар се рах ба ҳам баробар аст. Дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи ҳиолол ва аҳмар, дар дохили он досу болғаи сурх ва инчунин ҳарфҳои Б. Н. С. Р. ҷойгир шудааст.
  14.08.1923 — 19.09.1924 Парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
  1919 — 1921 Парчами ҶМШС Туркистон
  1921 — 1924 Парчами ҶМШС Туркистон
  февраль — апрель 1929 Парчами ҶМШС Тоҷикистон
  1929 —1931 Парчами ҶМШС Тоҷикистон
  04.1929 — 24.02.1931 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  24.02.1931 — 04.07.1935 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  04.07.1935 — 26.05.1936 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  26.05.1936 — 1938 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  1938 — 28.09 1940 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  28.09 1940—1953 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  20.04.1953 — 09.09.1991 Парчами ҶШС Тоҷикистон
  09.09.1991 — 24.11.1992 Парчами Тоҷикистон
  1923 — 1955 Парчами давлатии ИҶШС матоъи рангаш сурхи росткунҷа, аз ҷои чӯбдаста дар кунҷи болои парчам бо зарҳал досу болға ва дар болои он ситораи панҷгӯшаи сурх.
  1955 — 1991 Парчами давлатии ИҶШС баъзе тағйирот дар дизайни досу болға.

Эзоҳ вироиш