Хонакорӣ - саноати хонакорӣ, дар хоҷагии шахсӣ аз ашёи хоми худи хоҷагӣ ва ё истифода аз маҳсулоти дигар барои истеъмоли шахсӣ ва барои фурӯш истеҳсол кардани маснуот. Маҳсулоти қаннодӣ, кулолӣ, заргарӣ, ҷомадӯзӣ тоқидӯзӣ, тайёр кардани абзоли асп ва ғ. бо тарзи Хонакорӣ истеҳсол карда мешавад.

Навъҳои қадимаи хонакорӣ коркарди пӯсту чармгарӣ ва чӯбу пӯстлох буд. Одамон дар давраи ибтидоӣ аз соқи рустанӣ, мӯй, нах ва диг. ашёи хом маснуоти гуногун – арғамчин, сабад, тӯр, зарф ва дар заминаи он саноати бофандагӣ инкишоф ёфт. Кулолӣ низ аҳамияти калони хоҷагӣ дошт ва дар инкишофи санъати тасвирӣ роли муҳим бозид. Хонакорӣ ҷузъи иқтисодиёти тарзи истеҳсолоти токапиталистӣ буд. Дар давраи феодализми мутараққӣ хонакорӣ тадриҷан ба косибӣ табдил ёфта бошад ҳам, вале он пурра аз байн нарафт. Капитализм дар баробари хоҷагии натуралӣ Хонакориро низ барҳам дод, вале дар ин давра ҳам хонакорӣ дар хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боқӣ монд. Хонакорӣ аз аввали инқилоби Октябр ба хоҷагии патриархалӣ дохил шуда, дар ҷараёни азнавсозии сотсиалистии деҳот аз байн рафт. Дар замони истиқлоли кишвар ин навъи хоҷагидорӣ аз нав эҳё гардид, ки аксаран занҳо бо он машғуланд. Инчунин маҳсулоти қаннодӣ, кулолӣ, заргарӣ, ҷомадӯзӣ тоқидӯзӣ, тайёр кардани абзоли асп ва ғ. бо тарзи Хонакорӣ истеҳсол карда мешавад.[1]

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 596