Хотираи берунии компютер

Хотираи беруна асосан барои интиқол додани информатсия аз як компютер ба компютери дигар истифода бурда мешаванд.

Таҷҳизотҳои хотираи беруна вироиш

Ба таҷҳизотҳои хотираи беруна ҳамаи он таҷҳизотҳое, ки қобилияти интиқоли маълумотро аз як дастгоҳ ба дастгоҳи дигар доранд дохил мешаванд. Масалан:

Флеш картаҳо вироиш

Флеш картаҳо паҳншудатарин намуди хотираи беруна мебошанд. Чунончӣ онҳо дар бисёр дастгоҳҳои электронӣ истифода бурда мешаванд. Масалан: компютер, телефон, суратгирак, плеер ва ғайраҳо. Флеш картаҳо дорои ҳаҷмҳои гуногун мебошанд. Дар айни замон флеш-картаи калонҳаҷмтарин дорои 1ТБ хотира аст.

Дискҳои оптикӣ вироиш

Дискҳои оптикӣ барои сабт ва ходани маълумотҳо истифода бурда мешаванд. Барои сабт ва хондани маълумот аз дискҳои оптикӣ аз таҷҳизоти махсуси лазерӣ истифода мешавад. Дискҳои оптикиро ба чор насл ҷудо мекунанд. Дискҳои оптикӣ намудҳои гуногун доранд: 1. CD (Compact Disc) 2. DVD (Digital Versatile Disc) 3. Blu-ray Disc 4. HD DVD (High-Definition/Density DVD)

Сабти дискҳои оптикӣ вироиш

Барои сабти дискҳои оптикӣ барноиаҳои махсус истифода мешаванд. Онҳоро ба бепул ва пулакӣ ҷудо кардан мумкин аст. Худи системаи оператсионӣ низ сабти дискҳоро ба роҳ монда метавонад, аммо баъзе аз онҳо танҳо CD –дискҳоро забт мекунанду халос.

Барномаҳои сабти дискҳо вироиш

Барномаҳои сабти дискҳо хеле зиёданд ва дар байни онҳо ройгонашон низ кам нестанд. Аз қабили:

  1. Ashampoo Burning Studio Free
  2. DeepBurner Free
  3. CDBurnerXP
  4. ImgBurn
  5. Nero 9 Lite
  6. BurnAware Free
  7. InfraRecorder
  8. Burn4Free
  9. Small CD-Writer
  10. Express Burn

Албатта барномаҳои пулакӣ функсияҳои бештарро нисбат ба бепул доро мебошанд. Бештари барномаҳо дар ҳарду намуд дар дастрасанд аммо нусхаи бепули он маҳдудиятҳои худро дорост. Барномаҳои пулакӣ:

  1. Nero 2016 Platinum
  2. Ashampoo Burning Studio
  3. Blindwrite Suite
  4. UltraISO
  5. Astroburn
  6. BurnAware

DVD вироиш

Нигаред DVD

CD-ROM вироиш

Нигаред CD-ROM

Диски сахти берунӣ вироиш

Диски сахти берунӣ ба мисли флеш-картаҳо қобилияти интиқолро дорост. Он хосиятҳои диски сахтӣ оддиро дорад, аммо ба USB–порти компютер пайваст карда мешавад. Бархилофи диски сахти одӣ суръати диски сахти берунӣ аз суръати USB–порти компютер вобаста аст.

Боз нигаред вироиш