Хоҷаалӣ Бозорӣ (форсӣ: خواجه علی بازاری استرآبادی‎) — шоири форс-тоҷик (асри 16).

Хоҷаалӣ Бозорӣ

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳаш Астаробод. Дар чанде аз монобеи адабӣ, аз ҷумла «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ чун шоири хуштабъу ширинсухан ёд шудааст. Намунаҳо аз осораш (ғазалҳо, рубоиҳо, қитъаҳо) ба тавассути тазкираҳо боқӣ мондаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Бо дил гуфтам, ки эй дил, аҳволи ту чист?
Дил дида пуроб карду бисёр гирист.
Гуфто, ки чӣ гуна бошад аҳволи касе,
К-ӯро ба муроди дигаре бояд зист?

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1988.