Гули говак

(Тағйири масир аз Чашми гӯсола)

Гули говак, гӯсолачашмак, осмонгулак, талхагулак (лот. Centauréa cyánus) — гуная аз рустаниҳои яксола.

Гули говак
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Centaurea cyanus L., 1753

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш

Пояаш рости сершох, қиррадор, то 130 см қад мекашад. Баргаш нештаршакли яклухт. Хӯшагулаш (қутраш 3 см) сабадак, яктоӣ дар нӯги появу шохаҳо ҷойгир аст. Гулҳои канории хӯшагул асосан кабуд, гулҳои мобайнӣ бунафш мебошанд. Тухмаш (дарозиаш 2,4-4,5 мм) байзашакл, хокистарранги ҷилодор. Дар доманаи беша, марғзор, чун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, юнучқа, боғу полиз мерӯяд. Моҳҳои май — август гул мекунад. Дар таркиби гули говак гликозид, равғани эфир, сапонин, намакҳои минералӣ ва ғ. мавҷуданд. Гули говак рустании доруист. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд онро кишт мекунанд. Дар тиб гулбарги хушконидаи гули говак, ки бебӯю талхмаза аст, истифода мешавад. Аз 100 кг гули тару тоза тақр. 23 кг гулбарги хушк гирифтан мумкин аст.

Корбурди пизишкӣ вироиш

Табибони мардумӣ бо ҷӯшоби гули гули говак бемориҳои табларза, зардпарвин, дарди санги гурда, ташаннуҷи мушакҳо, гулӯзиндонак, сурфа, заъфи узвҳои ҳозима ва амрози чашм (шабкурӣ, илтиҳоби луобпардаи чашм)-ро муолиҷа мекунанд. Нақуи гули он давои пешобу зардарон, тақвиятбахши кори узвҳои ҳозима аст. Бо ин мақсад 2 чумча гули рустаниро дар 200 мл оби ҷӯш чой карда, нӯшидан лозим аст. Гули говак дар тибби илмӣ чун давои сабуки пешоброн ва талхарон истифода мегардад. Як чумча гули онро дар як истакон об чой карда, рӯзе 3 бор якчумчагӣ меошоманд. Гули говак рустании асаловар аст. Асали он зарди сабзранг буда, бӯи бодом мекунад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ходжиматов М. Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана. Д., 1989;
  • Губанов И. А. Иллюстрированный определитель растений Средней России. Т. 3. М., 2004;
  • Новейшая энциклопедия лекарственных растений. М., 2011.