Чормағзи заминӣ
Чормағзи заминӣ, финдиқи заминӣ, арахис (лот. Árachis hypogaéa) — гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо.
Чормағзи заминӣ | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Arachis (sectio).
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Arachis hypogaea L., 1753 | ||||||||||||||||
Мутародифот | ||||||||||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ вироиш
Пояаш борик, сершохи сабз ва серпашмак, ба монанди палак месабзад. Баргаш мураккаби пармонанд (аз 2 ҷуфт баргчаҳо иборат), хушагулаш 5—7-гула, шукуфааш зард ё норинҷӣ, ғилофакмевааш 1—5-тухма (дарозиаш 1—3 см), мағзаш лӯнда ё дарозрӯя, гулобӣ ё гулобии ҷигарранг, май гул, июл — октябр мева мекунад.
Парвариш вироиш
Чормағзи заминиро дар Тоҷикистон аҳён-аҳён дар заминҳои обӣ мепарваранд. Онро бештар дар ноҳияҳои ҷанубии қисми аврупоии Русия, Қрим, Қафқозва Осиёи Миёна мекоранд.
Корбурд вироиш
Чормағзи заминӣ рустании ғизоист. Мағзаш 45—59 % равған ва 20,2—36,3 % сафедаи хушҳазм дорад. Мағзи онро хом ё бирён карда истеъмол мекунанд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост. Баргу пояи чормағзи заминӣ серсафеда буда, онҳоро чорво нағз мехурад, аз ҷиҳати серғизоӣ ба хошоки себарга ва юнучқа баробар аст. Чормағзи заминӣ хокро аз моддаҳои нитрогендор ғанӣ мегардонад.
Эзоҳ вироиш
Адабиёт вироиш
- Чормағзи заминӣ / М. Расулова // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).