Шамъ — он чизе, ки барои равшан кардани хона аз мум ва чарбу тайёр карда, ба дарунаш пилта мегузоранд[1].

Шамъ дар шамъдон

Аз шамъ асосан ҳамчун манбаи рӯшноӣ истифода мебаранд. Дар баъзе ҳолатҳо барои гармӣ ва дигар мақсадҳо низ ба кор бурда мешавад. Шамъ аз моддаи сахти сӯзишворӣ асосан дар шакли силиндрӣ сохта мешавад ва ба воситаи фитил дармегирад. Шамъро аз стеарин, мум, парафин, равған ва дигар моддаҳои хосияташон мувофиқ (сахт, зудгудоз ва сӯзанда) месозанд. Дар замони ҳозира аз ҳама бештар омехтаи парафину стеарин истифода мешавад. Фитилро ба маҳлули селитра, хлориди аммоний, кислотаи бор тар мекунанд, то хубтар сӯзад ва алангаи бисёр надиҳад.

Адабиёт вироиш

  • Майкл Фарадей. История свечи. — М.: Наука, 1980. — 128 с. — (Серия «Библиотечка „Квант“», выпуск 2).
  • Глория Никол. Книга о свечах. — М.: Профиздат, 2000. — 151 с. — ISBN 5-255-01355-2.

Эзоҳ вироиш

  1. Шамъ чист? Маънои вожаи шамъ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 15 май 2019 санҷида шуд.