Шаҳриёр Ахмедов (Ахмедов Шаҳриёр Саидович; зод. 3 июни 1993[1], Душанбе, Тоҷикистон) — муштзани тоҷик. Устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ (2016)[2]. Қаҳрамони Русия дар байни навҷавонон, чаҳор бор финалисти Мусобиқоти қаҳрамонии Русия дар миёни бузургсолон (2015, 2016, 2017, 2018), барандаи бисёре аз мусобиқоти байнулмилалӣ.

Шаҳриёр Ахмедов
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Ахмедов Шаҳриёр Саидович
Кишвар  Русия
Тахассус Муштзанӣ
Зодрӯз 3 июн 1993(1993-06-03) (30 сол)
Зодгоҳ
Мураббиён Валерий Моткин, Юрий Емелянов
Қад 172 см
Вазн то 60 кг

Зиндагинома вироиш

Шаҳриёр Ахмедов дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи тоҷик ба дунё омадааст. Ибтидо ӯ худашро дар навъҳои куштӣ — ҷуду, куштии озод, классик имтиҳон кард. Дар соли 2006, замоне ки 13-сола буд, ба таври тасодуфӣ ба мактаби муштзанӣ дар Якка-чинор сар зад, он замон Шералӣ Достиев муштзани саршинос дар онҷо тамрин мекард. Техникаи олии ӯ Шаҳриёрро шигифтзада кард ва зери назари ӯ шурӯъ ба тамрин намуд. Замоне, ки мураббиаш ба Амрико рафт, бо бародараш Баҳриддин Достиев ва баъдан бо Абдуррашид Мамадҷонов тамрин кард[3].

Шаҳриёр Ахмедов дар Новосибирск зиндагӣ мекунад[4].

Дастовардҳои варзишӣ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Shahriyor Akhmedov(англ.). Tapology. 14 июни 2022 санҷида шуд.
  2. АХМЕДОВ Шахриер Саидович(рус.). infosport.ru. Спортивная Россия. 14 июни 2022 санҷида шуд.
  3. Шахриёр Ахмедов: «Двигаться, как Рой Джонс, бить, как Майк Тайсон». www.asiaplustj.info. ASIA-Plus. 14 июни 2022 санҷида шуд.
  4. Шахриер Ахмедов берет верх на вечере Кости Цзю(рус.). SPORTS.tj. 14 июни 2022 санҷида шуд.
  5. Всемирные военные игры - 2019. uniorsport.ru. 15 июни 2022 санҷида шуд.
  6. 7th CISM Military World Games. web.archive.org. 15 июни 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 ноябри 2019.