Шералӣ Кабир
аз 3 ноябри соли 2020
Таваллуд 22 ноябр 1971(1971-11-22) (52 сол)
Таҳсилот Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирск (1992 ), Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (1994)
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (2012)
Касб ходими давлатӣ
Эътиқод ислом
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи I

Шералӣ Кабир (Кабиров Шералӣ Олимович; зод. 22 ноябр 1971, Қалъаи Хумб, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон) — иқтисоддон — ходими давлатӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2020), доктори илмҳои иқтисод (2012).

Зиндагинома вироиш

Шералӣ Кабир 22 ноябри соли 1971 дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, соли 1992 Донишкадаи савдои советӣ-кооперативии шаҳри Новосибирски Русия ва соли 1994 Донишгоҳи давлатии тиҷоративу кооператвии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва дипломи аъло хатм кардааст.

Корнома вироиш

Шералӣ Кабир дар оғоз дар вазифаи муовини тиҷории раиси кооперативи «Сигнал»- и заводи «Спетсавтоматика» (1993—1994) ба фаъолият пардохта, як замон муовини тиҷории президенти Ҷамъияти саҳомии «Тенис»-и шаҳри Душанбе (1994—1999) низ буд.

Пас аз ин ӯ ба вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба кор омад. Нахуст дар вазифаҳои мутахасиси дараҷаи аввал, сармутахасис, сардори шӯъба дар Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва захираҳои моддӣ -техникӣ (1999—2001) ва сипас сармутахасиси Хадамоти савдо, сайёҳӣ ва фаъолияти биржавӣ (2001) кор кард. Як муддат сардори хадамоти Биржаи молии маҳсулотҳои саноатӣ (2001—2003)-и Тоҷикистон буд.

Аз соли 2003 то 2005 дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Ориёнбонк» дар вазифаҳои гуногун, аз сардори Идораи амалиётҳои бонкӣ то муовинии раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» кор кардааст Пас аз ин ӯ ба Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон, ки дар вазъи буҳронӣ қарор дошт ва соли 2007 ба Ширкати алюминиуми Тоҷикистон табдили ном кард, ба кор омад.

Дар оғоз муовини якуми директори Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (2005) буд.

Баъдтар директори молия ва тиҷорати Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (2007) таъйин шуд. Аз соли 2015 то 2020 раиси Шӯрои директорони Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати алюминий тоҷик» буд[1].

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[2]

Мукофот ва ҷоизаҳо вироиш

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Sputnik Тоҷикистон. Қадам ба 50: Шералӣ Кабир, вазири навтаъйин зодрӯзашро таҷлил мекунад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (22 ноябри 2020). 22 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Шералӣ Кабир(тоҷ.). www.president.tj. 19 май 2024 санҷида шуд.
  3. ВАЗИРИ ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯИ НАВИ ҶУМХУРИИ ТОҶИКИСТОН. 22 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 ноябри 2021.