Ғариза (ар. غریزه‎ – сиришт) — гароиши дарунӣ ва зотии андомгони зинда ба самти рафторҳои мушаххас, алоқаҳо, маҳоратҳо ва маълумоте, ки инсон ва ҷонварон бидуни омӯзиш аз ибтидои таваллуд ба сурати билқувва ё билфеъл дар худ доранд.

Рафторҳои ғаризӣ аз сиришт бархоста, иктисобӣ ва омӯзишӣ нестанд. Рафторҳое монанди навъи тағзия ва тавлиди мисл дар ҳайвонот бидуни таҷрибаи қаблӣ ва ба таври худкор, генетикӣ ва аз пеш барномарезишуда иҷро мешаванд. Ин барномарезии аз пеш таъйиншуда ғариза аст. Мас. : сангпуштҳои баҳрӣ, ки дар канори соҳил ба дунё меоянд, аз лаҳзаи аввали аз тухм баромадан худ ба худ ба сӯйи баҳр ҳаракат мекунанд. Лонасозӣ, ҷангталабӣ ва дигар рафторҳои бисёр ҷонварон рафторҳои ғаризианд, ки барои бақо лозиманд. К. Г. Юнг ҳар гуна талош ба самти фаъолиятҳои муайян, аз ҷумла ҳамаи фарояндҳои равониро, ки неруяшон таҳти назорати худогоҳ нест, ғариза медонад. Муҳаррики ин кашиш метавонад аз дарун ё берун бархоста бошад ва механизми ғариза низ метавонад ба шакли физикӣ ё органикӣ фаъол гардад. Юнг дар миёни ғаризаҳои бешумори инсон ба вуҷуди як ғаризаи иҷтимоӣ низ қоил аст. Ба андешаи ӯ, инсон танҳо маҷмӯае аз ғаризаҳои худхоҳона нест, балки мавҷуде иҷтимоӣ ҳам ҳаст.

Ғаризаҳои инсон вироиш

Ғаризаҳои инсон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: ғаризаҳои олӣ (умури фитрии инсон), ва ғаризаҳои ҳайвонӣ. Ғаризаҳои олӣ: худоҷӯӣ, камолхоҳӣ, фазилатталабӣ, ишқу парастиш, илмдӯстӣ, ҳақиқатҷӯӣ ва ғариза Ин гароишҳои зотӣ маънодиҳанда ва рушдбахшандаи ҳаёти инсонанд. Бидуни ин ғаризаҳо инсон ҳайвоне беш нест ва зиндагии ӯ тиҳӣ аз маъно хоҳад буд. Ғаризаҳои ҳайвонӣ (гароишҳои моддӣ ва ҳайвонӣ) дар ҳифзу давомнокии ҳаёти инсон нақши муҳим доранд. Агар ғаризаҳои неруманде чун муҳаббати зот, шаҳват, хашму ғазаб намебуданд, инсон барои ҳифзи ҳаёти худ ҳеч талош намекард ва натиҷаи он ҷуз нестии насли башарият намебуд. Ин ғаризаҳо дар зебосозии зиндагӣ ва дилпазирии он нақши мумтоз доранд. Ғаризаҳо ба зиндагӣ шӯру шавқу ишқ ва зебоии хосе мебахшанд.

Ҷиҳати манфии ғариза истифодаи нодурусти он, асири шаҳват гардидани инсон, аз назорати хиради солим дур мондани ғаризаҳо аст. Ғаризаҳо ва шаҳвати инсонӣ, бавижа ғаризаи ҷинсӣ қобили назоратанд, аммо на ба маънои саркӯбии ғаризаҳо ва шаҳавот, балки ба маънои истифодаи дуруст ва ҷилавгирӣ аз гусехтагии онҳост.

Адабиёт вироиш

  • Слоним А. Д. Инстинкт, загадки врождённого поведения андомгонов. Л. , 1967;
  • Мак-Фарленд Д. Поведение животных. Психобиология, этология и эволюция. М. , 1988;
  • Вагнер В. А. Биологические основания сравнительной психологии. Т. 2. М. , 2005;
  • آنتونی گیدنز. جامعه شناسی / ترجمهٔ منوچهر صبوری. تهران،۱۳۸۱ ش

Сарчашма вироиш