Ҳақназар Назаров  — муаррих, доктори илми таърих (1977), профессор (1979). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1987). Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986).[1]

Ҳақназар Назаров
Ҳақназар Назаров
Таърихи таваллуд 20 апрел 1931(1931-04-20)
Зодгоҳ деҳаи Сангвори Ноҳияи Комсомолобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 2006(2006)
Фазои илмӣ таърих, шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин
Ҷоизаҳо медали «Ветерани меҳнат», Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986), Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Зиндагинома вироиш

Ҳақназар Назаров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1953), ихтисос – «таърих».

Фаъолияти илмӣ вироиш

Тадқиқоти Назаров ба ҳалли масъалаҳои гуногуни таърихи халқӣ тоҷик ва халқҳои Афғонистон, аз ҷумла равобити халқҳои аморати Бухоро ва Афғонистон, муборизаи онҳо дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти, ташаккули ақоиди озодихоҳ ва маърифатпарварии мардуми ин кишвар дар oxири асри XIX аввали асри XX бахшида шудааст. Назаров муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмист. Ӯ яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна» (Д., 1973) мебошад.

Осор вироиш

  • Равобити Бухоро ва Афғонистон аз барпо шудани давлати Дуррониҳо то ғалтидани аморати Бухоро, Д., 1063:
  • К характеристике народных движений кон­тса XIX в. в Афганистане, Д., 1968;
  • Из истории движений народных масс Афга­нистана в начало XX в.. Д., 1969;
  • Таърихи наву навтарини мамлакатҳои Шарқи Миёна. Д., 1973;
  • Народ­ные и просветителско-антифеодалные движения в Афганистане (конетс XIX — нач. XX веков), Д., 1976.[3].

Ҷоизаҳо вироиш

  • медали «Ветерани меҳнат».
  • Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986).
  • Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1970).

Эзоҳ вироиш

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
  2. Ҳақназар Назаров(тоҷ.). kitobam.com (2022). 17 май 2024 санҷида шуд.
  3. Ҳақназар Назаров(тоҷ.). kitobam.com (2022). 17 май 2024 санҷида шуд.