Ҳоруни Роъун (форсӣ: هارون راعون‎; зод. 11 июн 1971, Кобул) — шоир, таронасаро ва достоннависи аҳли Афғонистон.[1] Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (2006)[2], Шӯрои машварати бунёди фарҳанги Тоҷикистон ва Фарҳангистони шеъри ҷаҳон.

Ҳорун Роъун
Таърихи таваллуд: 11 июн 1971(1971-06-11) (52 сол)
Зодгоҳ:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома вироиш

Ҳоруни Роъун 10 июни 1972 дар дар Кобул ба дунё омадааст[2]. Падараш аз вилояти Тахор, вулусволии Рустоқ ва модараш зодаи Кундуз аст[3]. Падарбузургаш (Муҳаммадисмоил) аз табор бедилшиносон буд ва падари модараш, Муҳаммадисмоили Мулзам, аз дастаи шоирони мубориз вақт будааст.

Таҳсилоти миёнаро дар зодгоҳаш ба итмом расонд ва дар сол 1372 ба Тоҷикистон муҳоҷират кард ва то соли 2006 дар Душанбе зиндагӣ мекард. Нахустин маҷмӯъаи шеърашро Бунёд байнулмилалии забони тоҷикӣ-форсӣ дар сол 1379 дар шаҳри Душанбе мунташир кард. Дар шаҳри душанбе бо Исмоили Хуросонпур ва Зиё Мусаддиқ Ҳофизӣ анҷуманеро ба номи Анҷумани посдорони фарҳанги ориёно эҷод карданд, ки то муддате фаъолият дошт. Ӯ бо мусофираташ ба Конодо Конуни фарҳангии корвони шеър (Ясно)-ро дар шаҳри Торонто бунёдгузорӣ кард[4], ки токунун фаъолияти ин конун дар шаҳр Торонто идома дорад.

Осор вироиш

  • Бебоғбон (маҷмӯъаи шеър)
  • Бирка дар оташ, маҷмӯъаи шеър (ба расмулхатти форсӣ ва сирилик)
  • Муборакбор, маҷмӯъаи шеъри гунаҳои абрики (ба расмулхатти форсӣ ва сирилик)
  • Қаламрави муҳраҳо, маҷмӯъаи шеър
  • Агар дубора наёӣ, маҷмӯъаи ашъори ошиқона
  • Маҷмӯаи мақолоти дуктор Нурулҳақ (тадвин)
  • Обистани ғуруб, (ба расмулхатти сирилик)
  • Тасвири тароват (ба расмулхатти сирилик)
  • Уқда, маҷмӯъаи достонҳои кӯтоҳ
  • Ҷарас, маҷмӯъаи шеър (тадвин)

Эзоҳ вироиш

  1. ҳимоят беш аз 250 нависанда ва ҳунарманд афғон аз эътисоб ғизои донишҷуён Кобул(пайванди дастнорас)
  2. 2.0 2.1 Роъун Ҳорун. ИНТ. 7 май 2024 санҷида шуд.
  3. هارون راعون. www.ariaye.com. 3 май 2024 санҷида шуд.
  4. Барномаи тафреҳии тоҷикӣ, 13 март - BBC Tajik/Persian(тоҷ.). www.bbc.com. 3 май 2024 санҷида шуд.