Султонмуҳаммад Ҳофизи Кӯҳакӣ

(Тағйири масир аз Ҳофизи Тошкандӣ)

Султонмуҳаммад Ҳофизи Кӯҳакӣ (форсӣ: سلطان‌محمد‎; ? — 1572, Самарқанд) — таърихнигор, фақеҳ, сайёҳ ва тарҷумони форс-тоҷик.

Султонмуҳаммад Ҳофизи Кӯҳакӣ

Зиндагинома вироиш

Дар маҳалли Кӯҳаки Самарқанд ба дунё омада зиндагӣ кардааст. Ӯ дар оила савод бароварда ва дар мадрасаҳои Самарқанд таҳсил намуда, аз аксар илмҳои замона баҳравар гашт. Чанд муддат дарсгӯӣ кард. Султонмуҳаммадро бо унвони Кӯҳакӣ ва Ҳофизи Кӯҳакӣ ва барои муддате дар Тошканд буданаш бо номи Ҳофизи Тошкандӣ ёд кардаанд.

Мероси ӯ аз «Рисола фӣ фанни-т-тафсир ва-л-усул ва-л-фурӯъ ва-л-мантиқ вал-калом» («Рисола доир ба қавоиди асосҳои дин, фиқҳ, мантиқ ва калом»), «Таърихи чингиз» иборат аст. Тарҷумаи «Таърихи Туркистон»-и муаррих Муҳаммад ибни Инъом (асри 10) аз форсӣ ба туркӣ мансуб ба қалами ӯст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Султонмуҳаммад / У. Назиров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).