Ҳуқуқҳои шаҳрванд — ҳуқуқҳои шаҳрванди Тоҷикистонро дар назар дорад. Озодӣ - соҳаи бо хуқуқ кафолатгаштаи мухторияти фард аст, ки дар ҳудуди он шахс мустақилона, мувофиқи хоҳишаш амал мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои хуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад. Асоси вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бошад, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқаррар гардидаро дарбар мегиранд. Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо воситаи ҳудифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод хос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он аст, таъмини шароити зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо шакли махсуси ҳуқуқии муқаррар ва мустаҳкам гардидан хусусиятноканд. Онҳо д ар санади олии ҳуқуқии давлат - Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.[1]

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533-534