Ҷоизаи Нобел (швед. Nobelpriset, англ. Nobel Prize) — яке аз бонуфузтарин ҷоизаи байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқотҳои барҷастаи илмӣ, ихтирокориҳои револютсионӣ, саҳми бузург дар фарҳанг, рушди ҷомеа супорида мешавад.

Ҷоизаи Нобел
швед. Nobelpriset
Таърихи таъсис 1901
Нигора
Овонигошти АОБ noˈbɛl
Номида ба шарафи Алфред Нобел
Бунёнгузор Алфред Нобел
Кишвар
Макони кунунӣ
Ҷоиза аз Norwegian Nobel Committee[d], Royal Swedish Academy of Sciences[d], Swedish Academy[d], Nobel Assembly at the Karolinska Institute[d] ва Алфред Нобел
Баҳои мунаққидон 5[1] ва 0.8[2]
Замони баргузорӣ 10 декабр
Икон
Шумори пайгирон 1 028 488 ва 589 000 ± 999[3]
Вебгоҳи расмӣ nobelprize.org(англ.)
Ҳисоб мешавад танҳо ва танҳо яке аз қисми нигаред ба рӯихати[d]
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо Гурӯҳ:Барандагони Ҷоизаи Нобел
 Парвандаҳо дар Викианбор
Медале, ки ба ҷоизадори ҷоизаи Нобел дода мешавад.

Ҷоизаи Нобел мувофиқи меросномаи Алфред Нобел (соли 1895) таъсис ёфтааст. Дар соли 1901, нахустин ҷоизаҳои ин бунёд эҳдо шуд. Тибқи васияти ӯ, панҷ ҷоиза ба таври солона дар риштаҳои физик, химия, физиология ва пизишкӣ, адабиёт ва сулҳ ба афроде дода мешавад, ки бештарин хидматро ба мардум карда бошанд[4][5][6]. Шашумин ҷоиза яъне ҷоизаи ёдбуди Нобели илмҳои иқтисодӣ низ соли 1968, тавассути Бонки марказии Шветсия поягузорӣ шуд, ки албатта дар феҳристи ҷоизаҳои марбут ба бунёди Нобел ҷой надорад[7].

Ҳоло андозаи Ҷоизаи Нобел 10 млн кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5$ млн доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.

Ҷоизаҳои Нобел вироиш

Дар васияти Нобел ҷудо кардани маблағро барои ҷоизаҳо ба намояндагони танҳо панҷ соҳа пешбинӣ шудааст:

  1. Физика (аз соли 1901 дар Шветсия мукофотонида мешавад);
  2. Химия (аз соли 1901 дар Шветсия мукофотонида мешавад);
  3. Физиология ё тиб (аз соли 1901 дар Шветсия мукофотонида мешавад);
  4. Адабиёт (аз соли 1901 дар Шветсия мукофотонида мешавад);
  5. Тарғиби сулҳ дар тамоми дунё (аз соли 1901 дар Норвегия мукофотонида мешавад).
  6. Ҷоизаи сулҳи Нобел

Инчунин, ба ғайр аз васияти Нобел, аз соли 1969 инҷониб бо ташаббуси Бонки Шветсия ҷоизаи ёдбуди Алфред Нобел дар соҳаи иқтисод низ дода мешавад, ки онро ғайрирасмӣ Ҷоизаи Нобел барои соҳаи иқтисод меноманд. Он дар ҳамон шароити ҷоизасупории дигар ҷоизаҳои Нобел дода мешавад. Дар оянда Шӯрои Бунёди Нобел тасмим гирифтааст, ки шумораи номзадҳоро дигар зиёд накунад.

Ҳоло ҳам барои намояндагони соҳаҳои дигари илм ва санъат, ки Нобел онҳоро аз таваҷҷӯҳи худ дур кардааст, чунин мукофотҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати мақом ва андозаи худ ба ҷоизаи Нобел нисбатан наздиканд. Барои риёзидонон, ин пеш аз ҳама, ҷоизаҳои Ҳобил ва Филдс мебошанд[8]. Дар соҳаи дин ба ҷоизаи Нобел ҷоизаи Темплтон монандӣ дорад.

Эзоҳ вироиш

  1. (unspecified title)
  2. (unspecified title)
  3. (unspecified title)
  4. Nobel Prize facts. www.nobelprize.org.
  5. Nobel Prizes and Laureates. www.nobelprize.org. 1 феврали 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 августи 2018.
  6. Which country has the best brains?, BBC News (8 October 2010). Проверено 6 Декабри 2011.
  7. Nomination and selection of Laureates in Economic Sciences(англ.). NobelPrize.org. 1 феврали 2019 санҷида шуд.
  8. ҶОИЗАИ НОБЕЛ ЧАРО БА МАТЕМАТИКОН ДОДА НАМЕШАВАД?(тоҷ.). МИНБАРИ ДОНИШҶӮ. anvor.tj (14.04.2021). 13 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2022.

Нигаред низ вироиш

Пайвандҳо вироиш