Web–саҳифаиттилооте, ки тарзи хосаи тайёр кардан, ба низом даровардан ва саҳифабандӣ дошта, барои азназаргузаронӣ дар WWW муқаррар шудааст. Саҳифаҳои дар Web–хидматрасонӣ ҷойдодашуда байни худ алоқаманданд ва дар якҷоягӣ Web–сайтро ташкил медиҳанд. Web–саҳифа воҳиди мантиқии Интернет буда, маънои муайянкунандаи нишониро (URL) низ мефаҳмонад. Web–саҳифа дар шакли HTML навишта мешавад.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 55. ISBN 978-999-47-43-37-7