Open main menu

Абдукарим Қосимов (10 марти 1933, деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 19 октябри 1997, Тоҷикистон) — ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, инженер-иригатор. Ирригатори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон (1984).

Абдукарим Қосимов
Абдукарим Қосимов
парчам Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон
1972 — 1984
Пешгузашта Т. М. Муҳаммадов
Ҷонишин Ҳ. Насриддинов
Таваллуд

10 март 1933(1933-03-10)
деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон

Даргузашт

19 октябр 1997(1997-10-19) (64 сол)

Ҷоизаҳо
Мукофоти ленинӣ
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

ЗиндагиномаВироиш

Абдукарим Қосимов 10 маоти 1933 дар деҳаи Кулангири ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1956 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти корӣВироиш

Солҳои 1956—1958 усто, прораб, прораби калони СМУ-и № 3 (ш. Ленинобод). 1959—1963 саринжинер, сардори Управленияи сохтмону монтажи № 22 (ш. Уротеппа), 1963—1971 сардори трести «Тоҷикцединсторой», 1971—1972 котиби Комитети партиявии вилояти Ленинобод, 1972—1984 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон, 1984—1988 котиби партиявии вилояти Қурғонтеппа, 1988—1996 сардори иттиҳодияи сохтмонии «Таджикводстрой»-и Вазорати хоҷагии оби ҶШС Тоҷикистон.

Аз 7.05.1996 —19.10.1997 директори Филиали тоҷикистонии маркази илмӣ-иттилоотиии Комиссияи байналдавлатӣ оид ба рушду устувори Бунёди байналмилалии наҷоти Арал.

ВакилӣВироиш

Дар съездҳои 16-20-уми ҲК Тоҷикистон аъзои КМ ҲК Тоҷикистон интихоб шудааст. Депутати Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 8-11).

Мукофоту орденҳоВироиш

Лаурети мукофоти ленинӣ (1972). Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Презедиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

ГиромидоштВироиш

Пойгоҳи обкашии ноҳияи Зафаробод ба номи Абдукари Қосимов гузошта шуда, ҳамчунин осорхона-утоқи кории ӯ дар ин мавзеъ ташкил шудааст.

ОсорВироиш

  • Касимов А., Хамраев М. Развитие орошения земель Советского Таджикистана. — Д.: Ирфон, — 1985.

ЭзоҳВироиш

ПайвандҳоВироиш

СарчашмаВироиш

  Мақола дар асоси маводи Энсиклопедияи Советии Тоҷик навишта шудааст.