Абдуллати́ф ибни Абдуллоҳи Кабири Яздӣ (форсӣ: عبداللطیف یزدی‎; соли таваллуд номаълум – 1639) — луғатнависи форсизабони Ҳиндустон.

Абдуллатифи Яздӣ
Таърихи даргузашт 1639(1639)
Фазои илмӣ луғатнависӣ

Зиндагинома вироиш

Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Аз ҷумлаи корҳои муътабар ва эътирофшудаи Абдуллатифи Яздӣ фарҳанги тафсириест бо номи «Латоиф-ул-луғот». Ин асар фарҳанги тафсирии вожаҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ мебошад. Тамоми калимаҳои «Маснавии маънавӣ» ба кадом забоне, ки тааллуқ дошта бошанд, дар ин асар ташреҳ шудаанд. Асарҳои дигари лексикографӣ, аз ҷумла «Латоиф-ул-ҳақоиқ», «Шарҳи Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ба қалами Абдуллатифи Яздӣ тааллуқ доранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш