Ҳомидҷон Абдуллоев

Абдуллоев Ҳомидҷон — олим, доктори илми биологӣ (1991), профессор (1997). Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (2001). Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).

Ҳомидҷон Абдуллоев
Ҳомидҷон Абдуллоев
Таърихи таваллуд: 1945
Маъруф ба: олим

ЗиндагиномаВироиш

Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм намудааст (1966). ихтисос – «физиологияи рустаниҳо». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: физиологияи рустанӣ, генетикаи фотосинтез, селексияи пахта. Ходими хурд ва калони илмӣ (1970-1980), мудири озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва ҳосилнокии рустаниҳо (1980-2003), муовини директори (2003-2005) Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи АИ ҶТ. Академик-котиби Шӯъбаи илмҳои биологӣ ва тибби АИ ҶТ (2005-2010). Муовини директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи илмҳои Тоҷикистон (2010).

ҶоизаҳоВироиш

Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1999).

ЭзоҳВироиш

АдабиётВироиш

  • Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.