Абдулҳа́қи Деҳлавӣ ибни Сайфуддини Деҳлавии Бухороии Туркӣ (тақрибан 1551, Деҳлӣ, – 1642, ҳамон ҷо) — суфии маъруф, шоир, муаррихи таърихи ислом ва ҷуғрофидон.

Абдулҳақи Деҳлавӣ
араб. عبد الحقّ الدِهْلَوِي
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис
Таърихи таваллуд: 1 январ 1551
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 19 июн 1642(1642-06-19) (91 сол)
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом
Осор:
Вироиши Викидода

Зиндагинома вироиш

Гузаштагони ӯ аз Бухоро ба Деҳлӣ рафтаанд. Абдулҳақи Деҳлавӣ суфимаслак буда, пайрави тариқати қодирия будааст. Вай соли 1587 ба ҳаҷ рафта пас аз бозгашт соли 1642 дар Деҳлӣ фавтид. Оромгоҳаш дар он ҷост.

Таълифот вироиш

Абдулҳақи Деҳлавӣ аз зумраи донишмандон ва таҳиягарони пурмаҳсулест. Вай бештар аз 100 таълифот дар улуми мухталиф дорад. Муҳимтаринашон инҳоанд: «Ахбор-ал-ахёр» (зиндагинома ва маноқиби аҳли тасаввуф ва ин рисола таҳти унвони «Тазкираи мусаннифини Деҳлӣ» соли 1929 дар Ҳайдаробод ба чоп расид.); «Зикру-л-мулук» ё «Таърихи Ҳаққӣ» – таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии темуриёни Ҳинд; «Ҷазбу-л-қулуб ила диёр-ил-маҳбуб» – рисола дар бахши таърих, география ва муҳити табиии шаҳри Макка; «Мадориҷ-ун-нубувва» – дар баёни таърихи Паёмбари ислом; дар асл ин асар тафсирест бар китоби «Суфар-ас-саъда ал-Фирӯзободӣ» ва дар Ҳиндустон чандин бор ба чоп расидааст; рисолаи «Аҳволи аиммаи исно ашъара» дар баёни таърихи аимма ва ислом буда, бар пояи китоби «Фаслу-л-хитоб» -и Муҳаммад Порсо навишта шудааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш