Абдураҳмони Ҷомӣ (деҳа, н. Кӯшониён)

Абдураҳмони Ҷомӣдеҳа дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён. Аз Абдураҳмони Ҷомӣ то маркази ҷамоат аз 1 км камтар, то маркази ноҳия 26 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4642 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Деҳа
Абдураҳмони Ҷомӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Кӯшониён
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4642 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3245
Нишонаи почта 735140

Иқтисод вироиш

Деҳа дорои гимназия, 3 дорухона, дармонгоҳ, беморхона, китобхона, кохи фарҳанг, нуқтаҳои хидмати маишӣ, боғчаи кӯдакон, ошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ мебошад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд[2].

Эзоҳ вироиш

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Абдураҳмони Ҷомӣ, деҳа // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.