Абдурраҳмонбек (Абдурраҳмонбегии Хонанда) - навозанда (танбӯр), сароянда ва мусаннифи машҳур.

Абдурраҳмонбек
Абдурраҳмонбек
Таърихи таваллуд 1856(1856)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 1916(1916)
Пеша(ҳо) навозанда,сароянда

Зиндагинома вироиш

Аслу насаби ӯ аз Насаф буда, дар хонандони шоир, мусиқидон ба дунё омада, асосҳои ибтидони мусиқиро аз падараш меомӯзад. Абдурраҳмонбек сониян аз устодони мусиқӣ ҳунари сознавозӣ, овозхонӣ, махсусан мақомхониро омӯхта, дар иҷрои шохаҳои «савт», «талқин» «соқинома»-ҳо дастёб мешавад. Бо устодони мусиқӣ Бобоҷалол Носирзода, Бобоғиёс Абдуғанизода аз наздик ошноию ҳамнишинӣ пайдо карда, асосҳои назарию амалии мақомҳоро фаро мегирад. Абдурраҳмонбек чанд муддат дар дарбори манғитиён (Абдулаҳад, Олимхон) ба сифати мутриб хидмат карда, сониян дарборро тарк менамояд. Дар иҷрои «Савт», «Намуд»-ҳои «Шашмақом» истеъдоди нотакрор дошта, шеърро хуб мегуфта, аз хонандагоне буд, ки масоили назарии иҷроиро хуб эҳсос мекард. Абдурраҳмонбек дар ҳамкорӣ бо донандагони мақом дар таҳияи ду баёзи мусиқӣ, «Рисолаи Шашмақом», «Рисолаи Шашмақоми мусиқӣ» иштирок доштааст. Бахши матнии мақоми «Наво»-ро таҳия ва такмил дода ва ин кори ӯ назди аҳли мусиқӣ эътибори хоса касб менамояд. Дар ҳунари танбӯнавозӣ низ таҳаввулоти тараннумии зиёде ворид намуда ва дар ин замина асарҳои таркибан мураккаби созию овозӣ («Абдурраҳмонбегӣ», «Гулафшон») эҷод намудааст.[1]

Адабиёт вироиш

  • Ражабов И. Мақомлар масаласига доир. - Тошканд, 1963;
  • Таджикская музыка. - Душанбе, 2001;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. - Душанбе, 1988

Ҳамчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - соли 16 ISBN 978-99947-49-13-3