Абдулқодир Муҳиддинов

(Тағйири масир аз Абдуқодир Муҳиддинов)

Абдулқодир Муҳиддинович Муҳиддинов (ӯзбекӣ: Аbduqodir Muxitdinov соли 1892, Бухоро, Русия1 июни соли 1934) — ходими давлатии шӯравӣ ва тоҷик. Раиси ШКХ ҶМШС Тоҷикистон (1926—1929).

Абдулқодир Муҳиддинов
Абдулқодир Муҳиддинович Муҳиддинов (Абдулқодири Муҳиддинзода)
парчам
сиёсатмадор, арбоби давлатӣ, узви КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон
1924 — 1934
Пешгузашта Файзулло Хоҷаев
Таваллуд 1892(1892)
Даргузашт 1 июн 1934(1934-06-01)
Падар Мирзо Муҳиддин Мансуров (Муҳиддини Мансурзода)
Ҳизб ҷавонбухориён, Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон
Эътиқод Ислом
Ҷоизаҳо Ордени Ситораи Сурх дараҷаи I ҶХШ Бухоро Ордени Байрақи Сурх

Зиндагинома вироиш

Абдулқодир Муҳиддинов соли 1892 дар Бухоро дар оилаи тоҷири калони пӯсти қароқул ва пахта, соҳиби фабрика, миллионер Муҳиддин Мансуров (Муҳиддини Мансурзода) таваллуд ёфтааст.

Фаъолияти ҳизбӣ вироиш

Соли 1918 ба Русия сафар карда, феврали соли 1919 дар шаҳри Москва узви ҳизби коммунист мешавад. Сипас ба Тошканд баргашта, чун ваколатдори комиссариати халқии миллатҳои ҶШФСР ва узви коллегияи комиссариати халқи миллатҳои ҶМШС Туркистон интихоб мегардад. Солҳои 19241926 А. Муҳиддинов чун ҷонишини Раиси Кумитаи Инқилоби ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 19261928 раиси Шӯрои Комиссарони Халқии ҶМШС Тоҷикистон, 19281931 намояндаи доимии ҶМШС Тоҷикистон дар Шӯрои Осиёмиёнагии иқтисодӣ (ЭКОСО) дар Ӯзбекистон кор кардааст. Чун комиссари таъминоти ҷумхурӣ кор кардааст, қабл аз ҳабс кардан ҷонишини комиссарияти халқии ИҶШС оид ба таъминоти Осиёи Миёна шуда кор кардааст. Якуми январи соли 1934 дар маҷлиси комиссияи КМ ВКП (б), ки таҳти раёсати Н. Бауман, иштироки Бройдо ва А. Раҳимбоев, намояндаи ОГПУ-и Осиёи Миёна гузашт, парвандаи Абдуқодир Муҳиддинов чун узви «Кумитаи ташкилоти аксулинқилобӣ»-и «Иттиҳоди Шарқ» дида баромада шуд. Бо қарори ОГПУ аз 31 майи соли 1937 чун «миллатчигии буржуазӣ» ба қатл расид. 25 январи соли 1958 аз ҷониби мақомоти дахлдор бегуноҳии ӯ собит гардид.

Бояд гуфт, ки дар давраи аввали фаъолияташ Абдуқодир Муҳиддинов дар гирдоби пантуркизм ғӯтида буд, вале сипас иштибоҳашро амиқан дарк карда, барои пойдории Ҷумҳурии Тоҷикистон хидматҳои бузурге кард[1].

Муттаассифона, то ба ҳоло номи ин накӯкори миллат ба таври сашзовор эҳё нагардидааст.

Зиндагиномаи А. Муҳиддинов дар китоби "Фитнаи инқилоб дар Бухоро"-и Муҳаммадҷон Шакурӣ вироиш

Фарзанди Муҳиддини Мансурзода Абдулқодири Муҳиддинзода (1892-1934) аз фаъолони ҷунбиши ҷадидия буд. ӯ дар 17-18 солагӣ дар рӯзномаи тотории «Вақт» мақолаҳо навишта, вазъи иҷтимоъиву иқтисодии Бухороро таҳлил мекард. Имзои ӯ дар ин мақолаҳо «Бухороӣ» буд. Мардум ин мақолаҳои пурмазмунро бо ҳайрату тааҷҷуб мехонданд ва намедонистанд, ки нигорандаи онҳо кист. Устод Айнӣ дар бораи ин мақолаҳои шаҳрошӯби «Бухороӣ» навиштааст: «Ин мақолаҳо аз аввали нашри худ (соли 1910-М. Ш.) афкори умумро ба шӯр ва ҷавононро ба ғалаён оварда, сабаби ба ғайрат ва ҳиммати бештаре ба кор даромадани онон гардид». Чунонки мебинем, навиштаҳои солҳои ҷавонии Абдулқодири Муҳиддинзода ва баъзе навиштаҳои баъдии ӯ низ аз устод Садриддин Айнӣ баҳои баланд гирифтааст. Баъдтар Айнӣ нисбат ба Абдулқодири Муҳиддинзода ҳаққи устодӣ пайдо кард. Пас дар бораи Абдулқодири Муҳиддинзода тавон гуфт: «Турфа шогирде, ки дар ҳайрат кунад устодро». Пас аз апрели 1917 Абдулқодири Муҳиддинзода ба Тошканд муҳоҷират кард ва он ҷо номаш Муҳиддинов шуд. Соли 1918 А. Муҳиддинов ба Ҳизби коммунистии Туркистон аъзо шуд. Бо вуҷуди ин аз аввали муҳоҷирати Тошканд ба муқобили сиёсати мустамликадории Русия мубориза сар кард. Чун ҳукумати Туркистони шӯравӣ дар Тошканд таъсис шуд, дар ҳайъати он як нафар аз мардуми маҳаллӣ, масалан аз ӯзбекҳо набуд. Абдулқодир Муҳиддинов сахт эътироз кард. Ин рӯҳияи зидди ғасбкории Русия, ки Абдулқодир Муҳиддинов дошт, ба вежа пас аз инқилоби Бухоро қувват гирифт. Чун 4 сентабри 1920 ӯро раиси Кумитаи инқилобӣ (сарвари давлат) таъйин карданд, чунонки гуфтем, бисёр кӯшид, ки ғоратгарии аскарони сурхро пешгирӣ бикунад, вале коре аз дасташ наомад. Лашкари болшевикони ғолиб пурзӯр буд ва ба касе итоат намекард. Сӯхтори шаҳр чанд гоҳ идома дошт, аммо сипоҳиёни ишғолгар ба ҷои ин ки барои хомӯш кардани сӯхтор ёрӣ диҳанд, ба ғорат машғул буданд. Он гоҳ Абдулқодир Муҳиддинов овози эътироз баланд кард. ӯ талаб кард, ки Артиши Сурх аз Бухоро бароварда ва Артиши миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Ӯ инчунин хост, ки коммунистони рус ва тотор, ки хеле зиёд аз Тошканд фиристода шуда буданд ва дар идораҳои ҳизбиву давлатӣ кор мекарданд, низ аз Бухоро бароварда шаванд, зеро онҳо мекӯшиданд, ки Бухоро ҳамаҷониба ба зери нуфузи Русияи шӯравӣ гирифта шавад. Коммунистҳои тотор, ки гурӯҳ-гурӯҳ ба Бухоро фиристода мешуданд, боиси он гардиданд, ки пантуркизм дар Бухоро бештар реша давонад. Аз ин рӯ, А. Муҳиддинов чун аз Бухоро берун кардани онҳоро талаб кард, ба андешаи суди миллати тоҷик буд. А. Муҳиддинов инчунин хост, ки созмонҳои инқилобхоҳони Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва ғайра барҳам дода ё аз Бухоро бароварда шаванд.

Абдулқодир Муҳиддинов барои Ҷумҳурии Бухоро истиқлоли комил мехост. Вай, чунончи масъалае пеш гузошт, ки Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бо кишварҳои наздику дур, аз ҷумла бо Эрон, Афғонистон, Туркия, инчунин Инглистон, Олмон ва ғайра мустақилона муносибати сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта бошад. Ин пешниҳодҳои ватандӯстонаи Абдулқодир Муҳиддинов пазируфта нашуд. Мақомоти ҳизбии Туркистон, Турккомиссия ва ғайра А.Муҳиддиновро миллатгарои буржуазӣ эълон намуданд. Аз ин рӯ, моҳи августи соли 1921 Абдулқодир Муҳиддиновро аз кор гирифтанд, раиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ интихоб накарданд. Ӯ чанд гоҳ дар вазоратхонаҳо кор кард ва боз «гуноҳҳои» дигар содир намуд. Чунончи ҳамеша бо Файзуллоҳ Хоҷа баҳс мекард. Ин баҳс чунон давом дошт, ки дар рӯзномаи «Бухоро ахбори» (ба забони ӯзбекӣ), ба гуфти Ҷалол Икромӣ, «Файзуллоҳ Хоҷаев ба забони туркӣ (ӯзбекӣ) мақола менавишт, Абдулқодир Муҳиддинов ба забони тоҷикӣ мақола чоп мекард». Абдулқодир Муҳиддинов аз зиёиёни сиёсии тоҷик якумин касе буд, ки дар бораи таърихи халқи тоҷик китоб навиштааст. Китоби ӯ дар бораи таърихи Бухоро дар рӯзномаи ӯзбекии «Бухоро ахбори» ба забони тоҷикӣ дунболадор чоп шуда буд. Ба ин тариқ, рақобати Абдулқодир Муҳиддинов ва Файзуллоҳ Хоҷа пас аз инқилоб ба муборизаи як тоҷикгарой бо як панӯзбекист табдил ёфт. Ҷараёнҳои муборизаи инқилобӣ дар Бухоро, ба вежа дар гурезагӣ гоҳ каму беш обу ранги миллӣ мегирифт, аммо пас аз инқилоб пантуркизм қувват гирифт ва рафта-рафта ошкоро муборизаи панӯзбекистҳо ва тоҷикгаройҳо ба миён омад. Сарвари талошгарони тоҷикпараст, чунонки поинтар хоҳем дид, Абдулқодир Муҳиддинов буд. Солҳои муҳоҷирати сиёсӣ (1917-1920) ё ки аз аввали инқилоби Бухоро Абдулқодир Муҳиддинов ба доми пантуркизм афтод. Сабаби ба пантуркизм гаравидани ӯ маълум нест. Шояд таъсири таблиғгарони забардасте чун Абдуррауфи Фитрат ва Файзуллоҳ Ҳоҷа, ки бо ӯ гӯё андаке хешовандӣ ҳам дошт, ё ки таъсири панӯзбекизм, ки дар солҳои 1917-1920 дар Тошканд авҷ гирифт, ё ки баъзе таъсирҳои дигар кор карда бошад, ки А. Муҳиддинов ба пантуркизм гаравид. Ба ҳар ҳол аз оғози инқилоб то нимаи даҳаи бист дар ҳамаи санадҳо миллати ӯро ӯзбек навиштаанд. Бо он ки ба ҳар тарз тоҷикгаройӣ мекард, худро ӯзбек менавишт.

Як сабаби майл кардани А. Муҳиддинов ба тоҷикгаройӣ ин буд, ки Садриддини Айнӣ бо ӯ наздикӣ дошт. Устод Айнӣ яке аз дӯстони Муҳиддини Мансурзода - падари Абдулқодир Муҳиддинов буд. Муҳиддин Мансурзода дар баъзе мавридҳо пушту паноҳи Садриддин Айнӣ буда, аз солҳои 1915-1916 дар миёни Айнӣ ва фарзанди Мансурзода – Абдулқодир Муҳиддинов дӯстии пойдор, ҳатто муносибати устодиву шогирдӣ оғоз ёфт. Пас аз инқилоб барои ин ки Абдулқодир Муҳиддинов ба сӯйи тоҷикият ҳар чӣ бештар майл пайдо бикунад, талқинҳои устод Айнӣ аҳамияти вежа дошт. Устод Айнӣ бисёр касонро аз туркгаройӣ ба сӯйи тоҷикгаройӣ овардааст. Аз ҷумла Мунзим, Зеҳнӣ ва дигарон ба таблиғи Айнӣ аз рӯҳияи туркпарастӣ раҳоӣ ёфтанд. Яке аз онҳо Абдулқодир Муҳиддинов буд. Устод Айнӣ ба онҳо моҳияти муборизаи турку тоҷик ва пантуркизму тоҷикгаройиро равшан карда, оқибат муваффақ шуд, ки онҳо дар роҳи озодиву истиқлоли халқи тоҷик пархош оғоз намуданд. Мунзим, Зеҳнӣ, А. Муҳиддинов, ҳатто пантуркисти гузаро Абдулло Раҳимбоев барои аз таъсири пантуркизм раҳоӣ ёфтанашон аҳамияти тарғибу ташвиқи Айниро рӯйрост эътироф карда, баъзеҳо, чунончи Мунзим ва А. Муҳиддинов тавбаномаҳо чоп карда буданд. А. Муҳиддинов ҳар сари чанд гоҳ ба устод Айнӣ дасти ёрӣ дароз мекард, то ки устод мададмаош дошта бошад. Айнӣ соли 1923 дар Самарқанд консултанти консулҳонаи Бухоро таъйин шуд, ки ин кор бо далолати А. Муҳиддинов сурат гирифт. Пас аз ин дар Самарқанд мудири як шуъбаи Бухгосторг (тиҷорати давлатии ҷумҳурии Бухоро) таъйин шудани Айнӣ ҳам бо ёрии А. Муҳиддинов ба амал омад. Мудирии Айнӣ дар ин ҷо «аз сари соли 1924 то сари соли 1925 давом кард». Айнӣ навиштани «Одина»-ро дар анбори ҳамин идораи тиҷорат дар байни халтаҳову қуттиҳои пуру холӣ сар карда буд.

Соли 1924 табартақсими Осиёи Миёна сар шуд. Дар Тошканд комисиюни тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна таъсис гардид. Ин комисиюн чанд зергурӯҳ дошт ва Абдулқодир Муҳиддинови тоҷикгаройро узви зергурӯҳи ӯзбекон таъйин намуданд. Мақсад аз ин кор шояд бардоштани эътибори он зергурӯҳ буд. Аз чӣ сабабе, шояд аз он сабаб, ки ҳангоми кори он зергурӯҳ низ тоҷикгаройии А. Муҳиддинов аз назарҳо пинҳон намонд ва бештар ба он сабаб, ки тоҷикгаройии ӯро ҳама медонистанд, чун кори комисиюни табартақсим ба поён расид ва Ҷумҳурияти Мухтори Шӯроии Иҷтимоии Тоҷикистон таъсис ёфт, А. Муҳиддиновро Раиси Шӯрои нозирони халқӣ, яъне нахустин сарвазири Тоҷикистон таъйин карданд. Яке аз нахустин корҳое, ки А. Муҳиддинов ба унвони сарвазири Тоҷикистон кард, ин буд, ки ба устоди худаш Садриддини Айнӣ супориш дод, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тартиб бидиҳад, то мавҷудияти халқи тоҷик ва таърихи тӯлонии забону адабиёту фарҳанги ӯ исбот шавад. Бо чоп шудани ин китоб зарбае ба пантуркизм зада шуд. Аз соли 1927 сарварони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов, Абдураҳим Ҳоҷибоев ва Шотемур ва Нисор Муҳаммад ва дигарон барои аз ҳайати ӯзбекистон баровардани Тоҷикистон, барои ба Тоҷикистон додани Хуҷанд, Бухоро, Самарқанд, Сурхон ва ғайра мубориза сар карданд. Нусратуллоҳ Махсум соли 1928 ба Сталин як номаи муфассал навишт. Муҳиддинов низ соли 1928 ба Сталин номае навишт ва баъд онро мақола карда, ба унвони «Мардуми шаҳр ва атрофи Бухоро тоҷиканд ё ӯзбек?» ба тоҷикӣ ва русӣ чоп кунонид. Ҳалли масъалаи таъсиси ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон ба Абдулқодир Муҳиддинов ва муовини сарвазир Абдураҳим Ҳоҷибоев супурда шуд. Ин ду нафар дар ин роҳ бисёр кӯшиш карданд ва ба ривояте Абдураҳим Ҳоҷибоев дар ин бора бо Сталин суҳбат кард, ки барои ҳалли масъала нақши асосӣ дошт. Ниҳоят соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон – ҳафтумин ҷумҳурии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт. Абдураҳим Ҳоҷибоев нахустин Сарвазири ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон таъйин гардид.

Муборизае, ки Нусратуллоҳ Махсум, Абдулқодир Муҳиддинов ва Абдураҳим Ҳоҷибоев дар роҳи таъсиси Ҷумҳурии иттифоқии Тоҷикистон карда буданд, пас аз чанд сол гуноҳи азим дониста шуд. Нусратуллоҳ Махсум ва А.Ҳоҷибоев бо ҳамин «гуноҳ» соли 1933 аз кор ронда ва соли 1937 террор шуданд. Абдулқодир Муҳиддинов баъзе «гуноҳҳои» дигаре ҳам карда буд. Чунончи ба Ленинобод ва Сталинобод номида шудани Хуҷанд ва Душанбе муқобилат кард. Вай ба яке аз нақшаҳои калони ҳокимияти шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон якказироатӣ ҷорӣ карданӣ, яъне саросар танҳо пахта кориданӣ шуданд, сахт зид баромад. Файзуллоҳ Хоҷа, ки сарвазири ӯзбекистони бузургу қавӣ шуда буд, он «гуноҳҳои» Абулқодир Муҳиддиновро дастак карда ва боз буҳтонҳои дигаре бофта, (ки гӯё Муҳиддинов дар бонкҳои хориҷӣ пул дорад), коре кард, ки соли 1932 вайро зиндонӣ карданд ва соли 1934 ба қатл расониданд. Ривояте ҳаст, ки соли 1934 Муҳиддиновро накушта буданд ва як тирро аз ӯ дареғ дошта буданд ва соли 1941 рӯзноманигоре ӯро дар як зиндони Ашқобод дидааст, ки ҳолати рӯҳиаш ба тамом хароб будааст. Чунин аст мухтасари саргузашти яке аз қаҳрамонони инқилоби Бухоро, яке аз пешвоёни сиёсии мардуми тоҷик дар садаи бист Абдулқодир Муҳиддинов.[2]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Рӯзномаи «Коммунист Таджикистана», 22 октябри 1989
  2. http://orien.info/jomea/11698-abdulodir-muiddinov-millionere-ki-inilob-kard.html(пайванди дастнорас) АБДУЛҚОДИР МУҲИДДИНОВ – МИЛЛИОНЕРЕ КИ ИНҚИЛОБ КАРД