Аброр (тав. номаълум - 1856) — шоир ва хаттоти тоҷик.

Аброр
Таърихи таваллуд: 1047(1047)
Зодгоҳ: Истаравшан
Таърихи даргузашт: 1856
Навъи фаъолият: шоир, хаттот

Зиндагинома вироиш

Зодгоҳи шоир Истаравшан буда, падараш Муҳаммадсолеҳ низ шоир будааст. Аброр маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилро дар мадрасаи Хоҷаҷони Истаравшан давом дод. ӯ чун донишманд ва шоир шуҳрат доштааст. Дар санъати хаттотӣ низ машҳур гашта, дар навиштани ҳафт навъи хати ислимӣ (кӯфӣ, таълиқ, насх, зулф, райҳон, риқоъ ва настаълиқ) ҳунарманд будааст.

Осор вироиш

Ашъори парокандаи Аброр дар баёзу ҷунгҳо оварда шудаанд. Аброр асосан шоири ғазалсаро буда, мусаддас ва мусамман низ эҷод кардааст.

Ай гули тоза, ки бӯе зи вафо нест туро,

Хабар аз сарзаниши хори ҷафо нест туро.

Раҳм бар булбули бебаргу наво нест туро,

Илтифоте ба асирони бало нест туро.

Мо асири ғаму асло ғами мо нест туро,

Бо асирони бало раҳм чаро нест туро?!

Фориғ аз ошиқи ғамнок намебояд буд,

Моҳи ман ин ҳама бебок намебояд буд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш