Абулҳасани Ҳамадонӣ

Абулҳасан Муҳаммад ибни Абдулмалик ибни Иброҳими Ҳамадонӣ (форсӣ: ابوالحسن محمد بن عبدالملک بن ابراهیم بن احمد همدانی ‎; 1070 — 1127) — таърихнигор ва нависандаи форс-тоҷик.

Абулҳасани Ҳамадонӣ
Таърихи таваллуд 1070(1070)
Таърихи даргузашт 1127(1127)

Зиндагинома

вироиш

Аҷдодаш аз Хуросон. Як муддат дар Бағдод таърихнависи дарбори Салҷуқиёни Ироқ — Султон Муғисуддин Маҳмуди Сонӣ (1118—1131) буд.

Таълифот

вироиш

Асари машҳуртаринаш «Такмилаи Таърихи Табарӣ» буда, замимаест ба «Таърихи Табарӣ». Дар китоби худ ба ғайр аз шарҳи географӣ ва топографии шаҳрҳои Ҳамадон, Нишопур, Ҷом, Сабзавор, Астаробод, Бағдод, ҳамчунин оид ба этнографияи аҳолии ин шаҳрҳо маълумот додааст. Абулҳасани Ҳамадонӣ аксари маълумотро аз асарҳои таърихию географии пешина, монанди «Таърихи синни мулук»-и Ҳамзаи Ҳамадонӣ (асри 10) ва «Ҳудуд-ул-олам» (асри 10) пайдо кардааст. Ҷилди якуми асари ӯ «Такмилаи Таърихи Табарӣ» соли 1958 дар Бейрут ба табъ расидааст.

Адабиёт

вироиш