Маъмар ибни Мусанно

(Тағйири масир аз Абуубайда)

Абуъубайда Маъмар ибни Мусанно ат-Таймӣ (ар. أبو عبيدة معمر بن المثنى التيمي‎; 728[1], Басра[2]825[1], 824[2] ё 820-ум, Басра[2][1]) — муаррих, забоншинос, адабиётшинос, шоир ва нависандаи арабизабони эронитабор.

Абуъубайда Маъмар ибни Мусанно
ар. أبو عبيدة معمر بن المثنى التيمي
Таърихи таваллуд 728[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 825[1], 824[2] ё 820-ум
Маҳалли даргузашт
Шогирдон Ҳорунаррашид[2]

Осори боқимонда вироиш

Дар ин бобати забону адабиёти арабӣ рисолаҳо доштааст, ки яке аз онҳо «Нақоизи Ҷарир ва Фараздақ» мебошад. Дар таърих ва насаби қабилаҳои араб, Қуръон ва ҳадис низ асарҳо навишта будааст, ки аксар аз байн рафтаанд. Дар маъхазҳои адабӣ 200 асари мансуб ба Абуубайда номбар шудаанд. Номи асарҳо, иқтибос аз онҳо дар китобҳои адабиётшиносони араб Ибни Қутайба, «Китоб-ул-ағонӣ»-и Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Ибни Абурабиҳӣ (860—940), Ибни Асир (1160—1234) ва диг. вомехӯранд. Аз ин сарчашмаҳо бармеояд, ки Абуубайда бо аксар шоирон, нависандагон ва адабиётшиносони он давра шинос будааст ва дар бораи эҷодиёташон назари худро иброз доштааст. Абуубайда дар бораи 7 нафар шоире, ки муаллақот гуфта буданд, маълумот дода будааст, ки аз онҳо Абулфараҷи Исфаҳонӣ истифода кардааст. Абуубайда пайрави шуубия будааст. Дар айбу нуқси арабҳо рисолаи «Масолиб-ул-араб» ва дар фазилатҳои эрониён китоби «Фазоил-ул-фурс»-ро нигоштааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 G. W. T. Abu Ubaida (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 1. — P. 81.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 Абу-Обеида (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 1. — С. 55.

Адабиёт вироиш

  • Фильштинский И. М., История арабской литературы, М., 1985.