Авгурҳо (лот. augures) — дар Руми Бостон яке аз куҳантарин ҳайати коҳинон, ки бо роҳи фолбиниву сеҳру ҷоду ва пешгӯиҳо хости худоёнро шарҳ медоданд. Ин гуна маросимҳо, одатан, пеш аз ягон воқеаи муҳими давлатӣ доир мегардиданд.

Авгур

ТаърихВироиш

Мувофиқи ривоятҳои Руми Бостон ҳайати мазкурро Ромул – асосгузори Руми Бостон ва шоҳи аввалини он (753 – 716) таъсис додааст. Соли 300 то милод шумораи Авгурҳо 9 нафар, аз он 5 нафар плебейҳо (табақаи озоди аҳолӣ дар Руми Бостон) буданд. Дар аҳди Юлий Сезар шумораи аъзои Авгурҳо ба 16 нафар расид. Дар ҳамон замон Авгурҳо ба қонунгузории давлат таъсири калон дошт. Бо мурури замон фаъолияти Авгурҳо ба худ шакли сатҳӣ гирифт.

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш