Авиауфуқ
Авиауфуқ, авиагоризонт (аз авиа… ва уфуқ) — асбоби гигроскопӣ барои муайян намудани кунҷи тамоюл ва нишон додани алвонҷхӯрии аппаратҳои париш. Авиауфуқро лётчик барои идора ва устувории аппарати париш истифода мекунад. Авиауфуқ дар идора намудани аппарати париш аз рӯи асбобҳо ва муайян намудани мавқеи он дар фазо аҳамияти калон дорад. Аз рӯи сохт Авиауфуқ мухтор (автономӣ) ва аз масофа идорашаванда мешаванд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Авиауфуқ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.