Автома́тика (аз юн. αύτόματος — худкоркунанда) — соҳаи илму техника буда, назария ва қоидаҳои сохтани системаҳои идоракуниро, ки бе иштироки бевоситаи инсон амал мекунанд, дар бар мегирад.

Истифодабарии пурраи автоматика барои тайёр кардани хлеб

Пайдоиши назарияи автоматика вироиш

Ҳамчун илм Автоматика дар асоси назарияи танзими автоматӣ ба вуҷуд омад. Ин назария дар заминаи корҳои Ҷ. К. Максвелл (1868), И. А. Вишнеградский (1872 — 78), А. Стодола (1899) ва дигарон пайдо шудааст. Автоматика ҳамчун фанни мустақил солҳои 40 садаи XX ташаккул ёфт. Инкишофи Автоматика чун соҳаи техника ба тараққиёти авто­матҳо, олоти автоматӣ ва маҷмӯъҳои автоматонида марбут аст. Дар зинаи ташаккулёбии худ Автоматика ба механикаи назариявӣ ва назарияи занҷиру системаҳои электрикӣ такя мекард, ҳалли масъалаҳои танзими фишор дар дегҳои бухор, ҳаракати поршен дар мошинҳои буғӣ, суръати чархзании мошинҳои электрикӣ, идораи кори дастгоҳҳои автоматӣ ва ғайраро дар бар мегирифт. Дар нимаи дуюми садаи XX воситаҳои техникии автоматика бо роҳи татбиқи васеи олоти автоматонии идора ва ташаккули системаҳои боз ҳам мураккабтари автоматӣ инкишоф ёфт. Масалан, автоматика дар саноат аз автоматонии агрегатҳои ҷудогона ба автоматонии маҷмӯии сехи заводҳо гузашт. Барои идора кардани объектҳои аз ҳам дар масофаи дур воқеъгашта (масалан, маҷмаъҳои азими саноатию энергетикӣ, системаи идораи аппаратҳои париши кайҳонӣ ва ғайра) Автоматика аз принсипҳои телемеханика истифода менамояд. Дар зинаи ҳозираи инкишофи автоматика ҷойи назарияи танзими автоматиро назарияи таъмимшудаи идоракунии автоматӣ гирифтааст, ки ҳамаи ҷиҳатҳои назарияи Автоматикаро фаро мегирад ва асоси назарияи умумии идоракуниро ба вуҷуд меоварад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш