Адвиёти Ҷолинус

Адвиёти ҷолинус — давоҳое, ки аз наботот (реша, бехреша, барг, гул, пӯстлох) ва ҳайвонот ҳосил карда мешаванд.

Аз номи Ҷолинус гирифта шудааст. Аксари адвиёти ҷолинусро бо роҳи экстраксияи ашё бо об, спирт, эфир ё омехтаи спирту об, эфиру спирт ҳосил мекунанд. Баъзе аз адвиёти ҷолинус аслан маҳлули ин ё он моддаҳои доруӣ дар об, спирт ва ё равған мебошанд. Ба адвиёти ҷолинус қиём, нақеъ, обҳои тиббӣ, спирт, шарбат, собун, марҳам, линиментҳо мансубанд. Консентратсияи моддаи давоии асосӣ дар адвиёти ҷолинус гуногун буда, ба шароити сабзиши растаниҳо, ҷамъоварӣ ва ҷудо кардани маводи доруӣ, тарзи ҳосил намудани моддаи асосӣ вобаста аст. Адвиёти ҷолинусро, одатан, дар корхонаҳои дорусозӣ истеҳсол мекунанд. Саноати дорусозӣ аз ашёи наботӣ давоҳои нав, аз ҷумла давоҳои обӣ, спиртӣ, хлороформу спиртӣ ва ғайра мебарорад. Таъсири фармокологии давоҳои мазкур ба таъсири давоҳои химиявӣ наздик аст.

Нигаред низВироиш

ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш