Акарапидози занбӯр

Акарапидози занбӯр, акароз, акариоз — касалии занбӯри асал, ки канаи Acarapis Wo odi Rennie (аз оилаи Tarsonemidae) ба вуҷуд меоварад.

Бори нахуст соли 1904 дар ҷазираи Уайт (Англия) ба қайд гирифта шудааст. Барангезандаи акарапидози занбӯрро соли 1920 олими шотландӣ Ҷ. Ренни бо ҳамкоронаш муқаррар намуд. Канаҳо аввал дар ҷуфти 1-уми трахеяҳои сина, дар асоси болҳо, халтаҳои ҳавоии шикам, сарсина ва сар ҷой мегиранд. Онҳо дар трахеяҳои сина афзоиш ёфта, тадриҷан ба трахеяҳои тамоми организм паҳн мегарданд. Барангезанда ба роҳи нафас (трахеяҳои сина), тахтапушту қафаси сина, буни бол ва ғайра тухм мегузорад. Канаҳо шираи организми занбӯрро макида, аз худ заҳр хориҷ мекунанд ва бо ҳамин роҳ онро нобуд месозанд. Кана берун аз организми занбӯр ҳамагӣ 3 – 4 рӯз умр мебинад. Занбӯри солим аз занбӯрҳои касал сироят меёбад. Аломатҳои касалӣ баъди 2 – 4 соли сироят ёфтани оилаи занбӯри асал зоҳир мегарданд. Парешонии болҳо ва парвоз карда натавонистани занбӯр аломатҳои акарапидози занбӯр буда, асосан аввали баҳор мушоҳида мешаванд. Акарапидози занбӯрро фақат бо роҳи санҷиши лабораторӣ аниқ ташхис кардан мумкин аст. Бо мақсади аниқ муқаррар кардани акарапидози занбӯр аз ҳар оилаи занбӯрҳои гумонбар ба касалӣ ба лабораторияи ветеринарӣ 30 – 50 занбӯри касалро фиристодан лозим аст. Акарапидози занбӯрро бо эфирсулфонат, фалбекс, нитробензол, метилсалитсилат, этилсалитсилат ва ғайра муолиҷа мекунанд. Вале бо мақсади пурра нест кардани акарапидози занбӯр ҳамаи занбӯрҳои касал ё ба касалӣ гумонбарро нобуд кардан лозим аст.

Пешгирӣ вироиш

Роҳи пешгирии А.: баҳорон пеш аз парвози нахустин оилаи занбӯрҳоро бояд бодиққат аз назар гузаронд. Дар ҷойҳои карантини касалӣ хариду фурӯши занбӯр манъ аст. Асал ва прополиси занбӯрҳои касал барои одам ва занбӯрҳои солим хавфнок нест, бинобар ин савдои онро манъ накардаанд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш